Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо 9 муассисаи таҳсилоти олии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад. Аз ҷумла, миёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Фарғона, […]

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо 9 муассисаи таҳсилоти олии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Аз ҷумла, миёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Фарғона, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва ҳифзи ёдгориҳои фарҳангии “Шоҳроҳи Абрешим” ва Филиали Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография (ВГИК) дар Тошканд созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бошад бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Тошканд, Донишгоҳи давлатии техникии Ӯзбекистон ба номи Ислом Каримов, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Созишномаҳо ҳамкории байналмилалии муассисаҳои олиро ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи навтарини таълимиву илмӣ ва эҷодии байналмилалӣ, ташкили табодули таълимиву академии донишҷӯён ва омӯзгорон дар хориҷи мамлакат, таҳия ва баргузории чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ, ба монанди конференсияву семинарҳои илмӣ ва озмуну фестивалҳои эҷодиро фарогир мебошад.

Ин созишномаҳо дар шаҳри Тошканд, дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расиданд.

Форуми мазкур рӯзҳои 15-16-уми апрелбаргузор гардида, ҳадафи он таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакат бо мақсади рушди соҳаи маориф, илм ва инноватсия, ҳамгироии барномаҳои гуногунсамти таълимӣ ва табодули таҷрибаи байниҳамдигарӣ арзёбӣ мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.