Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд

Маҳдудиятҳо аллакай дар вилоятҳои Новосибирск, Самара, Тула, Магадан, Челябинск, Калуга, Тюмен, Амур, инчунин Қрим, Приамуре ва дигар минтақаҳои Русия амал мекунанд. Шадидтар шудани реҷаи кор ва будубоши муҳоҷирон дар қаламрави Русия пас аз амали террористии рӯзи 22 март дар “Крокус Сити Холл” ба мушоҳида мерасад. Аксари кулли гумонбарони даст доштан дар ин ҳамлаи террористӣ шаҳрвандони […]

Маҳдудиятҳо аллакай дар вилоятҳои Новосибирск, Самара, Тула, Магадан, Челябинск, Калуга, Тюмен, Амур, инчунин Қрим, Приамуре ва дигар минтақаҳои Русия амал мекунанд.

Шадидтар шудани реҷаи кор ва будубоши муҳоҷирон дар қаламрави Русия пас аз амали террористии рӯзи 22 март дар “Крокус Сити Холл” ба мушоҳида мерасад. Аксари кулли гумонбарони даст доштан дар ин ҳамлаи террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Рӯзи 15 апрел дар вилояти Новосибирск кор дар 35 соҳаи фаъолияти иқтисодиро манъ карданд. Ҳамон рӯз дар Қрим ба хориҷиён бар асоси патент кор кардан ҳамчунин дар 35 навъи фаъолият ба муҳлати ним сол манъ шуд.

Масалан, муҳоҷирон наметавонанд ба фаъолияти таълимӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, моҳидорӣ ва савдои яклухт машғул шаванд.

Моҳи март дар қаламрави вилояти Воронеж манъи кор ба муҳоҷирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксӣ ҷорӣ шуд.

Аз имсол дар вилояти Тула кори муҳоҷирон дар таксӣ ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ манъ шуд.

Ҳамчунин дар вилояти Амур манъи кор ба муҳоҷирон дар 27 соҳаи тиҷорат ҷорӣ шуд: савдо (яклухт ва чакана); ҳамлу нақли мусофирон дар таксӣ ва автобусҳо; истеҳсоли нӯшокиҳо, хӯрок барои кӯдакон ва тамоку; истихроҷи маъданҳо ва хокаи металлҳои қиматбаҳо; растанипарварӣ ва чорводорӣ.

Корфармоёни минтақаҳо уҳдадор шуданд, ки дар муҳлати се моҳ басти воҳидҳои корӣ (штат)-ро мувофиқи меъёрҳои нав мутобиқ кунанд.

Дар сурати иҷро накардани уҳдадорӣ, онҳо мутобиқи моддаи 18.17, б. 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (риоя накардани маҳдудиятҳои ҷоришуда нисбати шаҳрвандони хориҷӣ) метавонанд ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд.

Боз дар куҷо кадом корҳо ба муҳоҷирон манъ шудааст?

Манъи кори муҳоҷирон дар соҳаҳои гуногун ҳанӯз соли 2022 дар минтақаҳои Калуга, Ханти-Мансийск, Тюмен, вилояти Калининград (аз моҳи октябри соли 2021) ҷорӣ шуда буданд.

Дар ин минтақаҳо ба муҳоҷирон рондани таксӣ ва дигар нақлиёти ҷамъиятӣ, истеҳсоли хӯрок барои кӯдакон, кор дар соҳаи маориф, фурӯши машруботу тамоку ва маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин расонидани бор ва кор дар бахши тандурустӣ манъ аст.

Дар баъзе минтақаҳои дигар муҳоҷирон ба сифати тарҷумон, котиб, муҳаррир, масъули шуъбаи кадр, корманди соҳаи молия, муҳосиб, инчунин кори марбут ба истихроҷи канданиҳои фоиданок, савдо, коргари хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ, шикор ва парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ кор карда наметавонанд.

Ба шаҳрвандони хориҷӣ инчунин кор дар дӯконҳо (киоскҳо)-и бозор ва хаймаҳои савдои тайр кардани хӯрок ва ҳамчунин пухтану фурӯши он дар дӯконҳои сайёр манъ карда шудааст.

Дар чанде аз минтақаҳои Русия барои ҷалби муҳоҷирон ба кору ихтисосҳои манъшуда ҷаримаҳои зиёд муқаррар шудааст.

Шахсони ҳуқуқӣ то 1 млн рубл, шахсони мансабдор – то 50 ҳазор рубл ва шахсони воқеии муҳоҷирро кирокарда – аз 2 то 4 ҳазор рубл ҷарима шуда метавонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.