“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ расман маблағгузории “НБО Роғун”-ро дар миён гузоштааст. Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон, ки онро Ҳоким Холиқзода, муовини аввали сарвазири кишвар роҳбарӣ мекунад бо Анна Бйерде, директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ 18-уми апрел, дар шаҳри Вашингтони ИМА ва дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи […]

Asia-Plus

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ расман маблағгузории “НБО Роғун”-ро дар миён гузоштааст.

Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон, ки онро Ҳоким Холиқзода, муовини аввали сарвазири кишвар роҳбарӣ мекунад бо Анна Бйерде, директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ 18-уми апрел, дар шаҳри Вашингтони ИМА ва дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баргузор шуд.

Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон менависад, ки зимни мулоқот “масъалаи маблағгузории лоиҳаҳо, пешниҳоди тавсияҳо оид ба сиёсати иқтисодӣ ва дастгирии доимии машваратӣ аз ҷониби ташкилоти молиявии мазкур мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд”.

“Зикр гардид, ки новобаста аз вазъи мураккаб ва ҳассоси геосиёсӣ масъалаи муҳим ва асосӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастгирии сохтмони иншооти азим ва стратегии кишвар “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” мебошад. Таъкид гардид, ки маҳз ташаббуси Бонки Ҷаҳонӣ боиси таваҷҷуҳи як қатор ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба маблағгузории “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, барои анҷом додани сохтмони “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” ҷалби сармояро идома диҳад. Дар робита ба ин, аз Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун институти молиявии бонуфуз ҷиҳати маблағгузории “НБО Роғун” даъват ба амал оварда шуд”, – навиштааст манбаъ.

Аммо ҳоло маълум нест, ки ба ин дархости ҷониби Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ чӣ посух додааст.

Соли гузашта Бонки ҷаҳонӣ барои кумаки техникӣ ба “НБО Роғун” 15 млн доллар ҷудо карда буд.

Миллиардҳо лозим

Дар авоили моҳи феврали соли ҷорӣ вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дод, ки барои анҷоми сохтмони НБО “Роғун” ҳамасола бояд 1 миллиард доллар сарф шавад ва дар маҷмӯъ барои иҷрои комили ин тарҳ (то соли 2029) 6,2 миллиард доллар лозим аст.

Соли 2008, замоне, ки корҳо дар иншооти нерӯгоҳи “Роғун” барқарор шуданд, нархи он 3 млрд доллар арзёбӣ мешуд. Баъдан, соли 2016 зикр шуд, ки арзиши он 3,9 млрд долларро ташкил медиҳад. Нимаи соли 2022 Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ дар бораи зарурати ҷалби 5 млрд доллар барои анҷоми пурраи татбиқи лоиҳа хабар дода буд.

Тибқи иттилои Вазорати молия, аллакай созишномаҳо оид ба ҷалби қарзи имтиёзнок бо Фонди рушди Саудӣ ба маблағи 100 миллион доллар ба имзо расидааст.

Аз оғози соли 2023 барои идомаи сохтмони он зиёда аз 3 млрд сомонӣ, аз ҷумла 2,6 млрд сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва 427 млн сомонӣ аз ҳисоби фурӯши барқи дар ду агрегати ин неругоҳ истеҳсолшуда равона гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар, рӯзи 28-уми декабри соли гузашта, зимни ироаи паёми худ ба порлумони кишвар эълом дошт, ки агрегати навбатии неругоҳи барқи обии Роғун соли 2025 ба истифода дода мешавад.

Ду агрегати аввали ин нерӯгоҳ мутаносибан аз соли 2018 ва 2019 бо нерӯи кам (100-200 МВт) кор мекунанд.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

НБО “Роғун” аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар нерӯгоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.