Афғонистон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар СММ барои пардохт накардани аъзоҳаққӣ маҳрум шуд

Афғонистон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар Маҷмаи Умумии СММ барои пардохт накардани аъзоҳаққӣ маҳрум шуд. Тавре ки газетаи Взгляд менависад, дар ин бора Afghanistan International бо истинод ба ваколатдори умури Афғонистон дар СММ Носир Аҳмад Фоиқ хабар додааст. Фоиқ шарҳ додааст, ки намояндагии Афғонистон аллакай муддати зиёда аз се сол аст, ки ҳудуди 200 ҳазор доллар […]

Asia-Plus

Афғонистон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар Маҷмаи Умумии СММ барои пардохт накардани аъзоҳаққӣ маҳрум шуд. Тавре ки газетаи Взгляд менависад, дар ин бора Afghanistan International бо истинод ба ваколатдори умури Афғонистон дар СММ Носир Аҳмад Фоиқ хабар додааст.

Фоиқ шарҳ додааст, ки намояндагии Афғонистон аллакай муддати зиёда аз се сол аст, ки ҳудуди 200 ҳазор доллар маблағи аъзоҳаққиро пардохт намекунад.

Қаблан ин маблағ аз ҳисоби ВКХ-и ҷумҳурӣ пардохт мешуд, лекин толибон* то вақти дар СММ муаррифӣ шудани намояндаашон, онро пардохт карданӣ нестанд. Дар ин бора «Sputnik Афганистан» хабар медиҳад.

Пештар зикр гардида буд, ки Русия ният дорад лоиҳаи қатънома дар Маҷмаи Умумми СММ-ро дастгирӣ кунад. Дар он ба Шӯрои амният тавсия мешавад, ки масъалаи қабули Фаластин ба сифати узви Созмон дубора мавриди баррасӣ қарор гирад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.