Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд

Дар қаламрави ёдгории таърихие, ки дар деҳаи Чинори кӯҳнаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент воқеъ аст, бостоншиносон харобаҳои як кӯшк (қаср)-ро пайдо карданд. Дар ин бора дар саҳифаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода мешавад. Кӯшкро сармутахассиси шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ Муҳсин Бобомуллоев пайдо кард. Дар натиҷаи корҳои ҳафриётӣ […]

Asia-Plus

Дар қаламрави ёдгории таърихие, ки дар деҳаи Чинори кӯҳнаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент воқеъ аст, бостоншиносон харобаҳои як кӯшк (қаср)-ро пайдо карданд. Дар ин бора дар саҳифаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода мешавад.

Кӯшкро сармутахассиси шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ Муҳсин Бобомуллоев пайдо кард.

Дар натиҷаи корҳои ҳафриётӣ маълум шуд, ки ин ёдгорӣ кӯшк буда, он аз ду қабат иборат аст. Ошёнаи якум аз похса ва ошёнаи дуввум аз хишти хоми маъмулии ҳамон давра ба андозаи 50х25х10 сохта шудаанд.

“Замони таърихии ёдгорӣ ба асрҳои VI-VIII мансуб буда, он дар натиҷаи ҳуҷуми аҷнабиён сӯзонида хароб гаштааст. Далели ин гуфтаҳо боқӣ мондани осори хокистар ва лахчаҳо дар деворҳои долони ёдгорӣ мебошад.

Инчунин, аз ҳудуди ёдгории мазкур бозёфтҳои фулузии гуногун, ба мисли сиккаҳои мисӣ, нуқрагӣ, ангуштарҳо ва ҷузъҳои ороишии либос пайдо гардиданд, ки далел аз қадимӣ будани ин мавзеъ мебошанд”, – зикр мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, мавҷуд будани ин гуна кӯшкҳо дар Панҷакент ва Маймурғ дар сарчашмаҳои таърихӣ низ зикр ёфтаанд.

Дар назар аст, ки кӯкши кашфшуда ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шомил шавад. “Дар оянда ҳадаф ҳаст, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Эрмитажи давлатии Руссия моҳҳои июл-августи соли равон дар ин ёдгорӣ ковишҳои ҳафриётӣ гузаронида шавад”, – илова мешавад дар хабари Осорхона.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.