Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд

Имрӯз, 20-уми май як гурӯҳ аҳли зиё ва ҳаводорони шеъру ғазал дар канори оромгоҳи Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ дар оромгоҳи "Лучоб" мавлуди ин ду шоири шинохтаи ҳавзаи адабии форсу тоҷикро таҷлил карданд. Дар маҳфили адабӣ пешниҳод гардид, ки 20-уми май ҳамчун “Рӯзи шеъри тоҷик” эълон ва ҳамасола ҷашн гирифта шавад. Ин ҷо натанҳо перомуни зиндагиномаи ин ду шоири […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 20-уми май як гурӯҳ аҳли зиё ва ҳаводорони шеъру ғазал дар канори оромгоҳи Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ дар оромгоҳи "Лучоб" мавлуди ин ду шоири шинохтаи ҳавзаи адабии форсу тоҷикро таҷлил карданд. Дар маҳфили адабӣ пешниҳод гардид, ки 20-уми май ҳамчун “Рӯзи шеъри тоҷик” эълон ва ҳамасола ҷашн гирифта шавад.

Ин ҷо натанҳо перомуни зиндагиномаи ин ду шоири саршинос ҳарф заданд, балки аз мақоми баланди онон дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ гуфтанд.

Дар чорабинӣ аз нақши боризи Муъмин Қаноат дар тарбияи насли нави шоирони тоҷик, ба хусус Лоиқ Шералӣ ҳарф заданд ва гуфтанд, ки “Қаноат гавҳаршинос буд ва Лоиқро ӯ ба камол расонид”.

Баъди марги Лоиқ Шералӣ ҳамасола дӯстон, шогирдон ва ихлосмандони ашъори шоир дар ин ҷо ҷамъ меомаданд ва маҳфили “Лоиқхонӣ” баргузор менамуданд. Пас аз даргузашти Муъмин Қаноат дар соли 2018 ёди ӯ низ бар ин маҳфил илова шуд. Акнун 20-уми май ба таври мардумӣ “Рӯзи шеъри тоҷик” гуфта мешавад.

Ин ҷо шоирону ҳофизон ва устодони донишгоҳ перомуни корномаи Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ҳарф заданд ва донишҷӯён аз ашъори Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ қироат карданд.

Дар ин чорабинӣ ҳамасола ҳамсари Зебуниссо Қутбиддинова, ҳамсари Лоиқ Шералӣ ширкат мекард, вале пас аз даргузашти ӯ акнун пайвандони шоир ин ташаббусро идома медиҳанд.

Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ, ҳарду Шоири халқии Тоҷикистон, рӯзи 20-уми май чашм ба олам боз кардаанд. Муъмин Қаноат зодаи ноҳияи Дарвоз ва Лоиқ Шералӣ зодаи шаҳри Панҷакент аст. Онҳоро на танҳо як рӯзи тақвимӣ, балки шеъру шоирӣ ба ҳам мепайвандад.

Муъмин Қаноат достонсарои барҷаста аст ва Лоиқ Шералӣ ғазалсаро ва шоири лирикии шинохта мебошад. Онҳо солҳо мавлудро якҷоя таҷлил мекарданд. Ҳоло ҳаводоронашон ин рӯзро якҷоя ҷашн мегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.