Тоҷикистону Қирғизистон амният дар марзро баррасӣ карданд

Раисони шаҳри Исфараи Тоҷикистон Баҳоваддин Баҳодурзода ва вилояти Бодканди Қирғизистон Учқунбек Жоробоев дар марз дидор ва амнияти минтақаро баррасӣ карданд. Тавре ҳукумати ноҳияи Бодканд рӯзи 20-уми май хабар дод, мулоқоти ҷонибҳо дар минтақаи марзии Тумба дар деҳаи Оқ-Сой баргузор шуд. Зимни гуфтушунидҳо ба мувофиқа расиданд, ки сохторҳои қудратии ҳарду ҷониб барои пешгирии ҳодисаҳои гуногун дар манотиқи наздимарзӣ […]

Asia-Plus

Раисони шаҳри Исфараи Тоҷикистон Баҳоваддин Баҳодурзода ва вилояти Бодканди Қирғизистон Учқунбек Жоробоев дар марз дидор ва амнияти минтақаро баррасӣ карданд.

Тавре ҳукумати ноҳияи Бодканд рӯзи 20-уми май хабар дод, мулоқоти ҷонибҳо дар минтақаи марзии Тумба дар деҳаи Оқ-Сой баргузор шуд.

Зимни гуфтушунидҳо ба мувофиқа расиданд, ки сохторҳои қудратии ҳарду ҷониб барои пешгирии ҳодисаҳои гуногун дар манотиқи наздимарзӣ дар робита ба баргузории чорабиниҳои вобаста ба хатми мактаб, яъне занги охирин навбатдорӣ хоҳанд кард. Дар ин бора пойгоҳи Sduba News of Central Asia хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон дарсҳо рӯзи 31-уми май ба итмом мерасанд ва баргузории ҷашнҳо ба муносибати хатми мактаб манъ аст.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки барои ҷилавгирӣ аз иғво ва ҳифзи субот тамаркуз кунанд.

Дар ин мулоқот намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи ҳарду кишвар низ ҳузур доштанд.

Бояд гуфт, ки бар асари номуайянии марзҳои ду кишвар миёни сокинон ва марзбонон зуд-зуд даргириҳо ба вуқӯъ мепайвандад. Солҳои 2021 ва 2022 ин даргириҳо ба муноқишаҳои мусаллаҳона печиданд ва боиси марги садҳо нафар шуданд.

Пас аз задухӯрдҳои хунин ҳарду ҷониб корҳои мушаххас кардани марзро аз сар гирифтанд. Тӯли марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон беш аз 970 километрро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.