Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон муайян шуд

Пас аз марги Саидиброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷии ин кишвар, иҷрокунандагони ин ду маснад муайян гардиданд. Муҳаммад Мухбир, муовини аввали раиси ҷумҳур иҷрокунандаи вазифаи президенти Эрон шуд. Тибқи қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон дар сурати марги раисҷумҳури ин кишвар ё пеш омадани воқеаи дигаре ба сари ӯ, ки […]

Asia-Plus

Пас аз марги Саидиброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷии ин кишвар, иҷрокунандагони ин ду маснад муайян гардиданд.

Муҳаммад Мухбир, муовини аввали раиси ҷумҳур иҷрокунандаи вазифаи президенти Эрон шуд. Тибқи қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон дар сурати марги раисҷумҳури ин кишвар ё пеш омадани воқеаи дигаре ба сари ӯ, ки дар натиҷаи он натавонад то беш аз ду моҳ ба сари вазифаи худ баргардад, муовини аввали раисҷумҳур масъулиятҳои ӯро бар уҳда мегирад.

Айни ҳол вазифаи муовини аввали раисҷумҳурро дар Эрон Муҳаммад Мухбир бар дӯш дорад. Ин ба он маъност, ки акнун Мухаббир ҷаласаҳои ҳайати давлати Эронро, ки рӯзҳои якшанбе ва чаҳоршанбе баргузор мешаванд, роҳбарӣ хоҳад кард.

Алӣ Боқирӣ, ёвари вазири корҳои хориҷӣ иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Эрон таъин гардид.

Ҳамакнун, тибқи қонуни асосии Эрон ҳайати муташаккили давлатӣ иборат аз раиси маҷлис, раиси қувваи қазоия ва муовини аввали раиси ҷумҳур муваззафанд, ки ҳадди аксар дар зарфи 50 рӯз интихоботи раиси ҷумҳури ҷадидро баргузор кунанд.

Ёдовар мешавем, ки чархболи раиси ҷумҳур Иброҳим Раисӣ як рӯз пеш, 19-уми май дар як минтақаи кӯҳистонӣ дар наздикии марзи Эрон бо Озарбойҷон суқут кард. Дарҳол бо ҷалби наҷотдиҳандагони Ҳилоли Аҳмар, низомиён ва пулис амалиёти густурдаи ҷустуҷӯӣ оғоз шуд. Ба кофтуков шароити номусоиди обу хаво халал мерасонад.

Ҳанӯз маълум нест, ки бо чархбол чӣ шудааст. Хабаргузориҳои Эрон мегӯянд, ки чархбол шояд дар тумани ғафс дар шимолу шарқи кишвар ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон, дар марз бо Озарбойҷон бармегашт. Дар он ҷо ҳамроҳ бо раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанди дарёи Аракс ширкат дошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.