Сомон Маҳмадбеков медали деринтизори чемпионати ҷудои ҷаҳонро ба даст овард

Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон-2024 оид ба ҷудо дар Абу-Даби (АМА) варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба дарёфти медали биринҷии мусобиқа дар вазни 81 кг шарафёб гардид. То ин давр ӯ 6 қувваозмоӣ гузаронид. Ӯ бар ҷудокорон аз Фаронса, Нидерланд ва Миср дастболо шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин давр ӯ аз варзишгари Гурҷистон Тато […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон-2024 оид ба ҷудо дар Абу-Даби (АМА) варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба дарёфти медали биринҷии мусобиқа дар вазни 81 кг шарафёб гардид.

То ин давр ӯ 6 қувваозмоӣ гузаронид. Ӯ бар ҷудокорон аз Фаронса, Нидерланд ва Миср дастболо шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин давр ӯ аз варзишгари Гурҷистон Тато Григалашвили шикаст хӯрда, дар даври тасаллобахш барои дарёфти медали биринҷӣ Давид Карапетян (тими бетараф)-ро мағлуб кард. Барои ҷойи сеюм ӯ бо Дмитрий Гочилаидзе аз Гурҷистон вориди рақобат шуд ва дастболо гардид.

Ба ин тариқ, Сомон Маҳмадбеков натиҷаи 17 соли пеши дастаи Тоҷикистонро такрор кард. Соли 2007 Расул Боқиев бори охир барои Тоҷикистон медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар Бразилияро ба даст оварда буд. Ин медали Расул Боқиев то мусобиқаи кунунӣ ягона медали Тоҷикистон дар мусобиқаҳои чемпионати ҷаҳон ба шумор мерафт.

Чемпионати ҷаҳон охирин мусобиқаи бузурги интихобӣ ба Бозиҳои олимпӣ-2024 дар Париж мебошад. Чемпионати ҷаҳон дар толори Мубодала дар доираи силсилаи ҷаҳонии IJF ҷараён дошта, рӯзи 24 май бо мусобиқаҳои дастаҳои омехта ба охир мерасад. Дар чемпионати ҷаҳон 658 ҷудокор аз 107 кишвар иштирок доранд.

Ба ҷуз Маҳмадбеков, Тоҷикистонро дар ин чемпионат Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг), Нуралӣ Эмомалӣ, Обид Ҷебов (ҳарду – 66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (73 кг), Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (ҳарду – 90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ мекунанд.

Рӯзи дуюми мусобиқа (20 май) Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни 66 кг зинаи панҷумро ишғол кард.

Ҷоизаҳои Сомон Маҳмадбеков миёни калонсолон: Ҷоми Осиё-2018 (Гонконг) – медали тилло; мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург-2019” (Осака, Ҷопон) – биринҷӣ; “Тоскулоҳи бузург-2023» (Қазоқистон) – тилло; мусобиқаи силсилаи «Гран-при-2023» (Душанбе) – тилло; Чемпионати Осиё-2021 (Бишкек, Қирғизистон) – нуқра; Чемпионати Осиё-2022 (Нур-Султон, Қазоқистон) – биринҷӣ. Дар сатҳи ҷавонону наврасон: Чемпионати ҷаҳон-2017 (Загреб, Хорватия) – биринҷӣ ва Чемпионати ҷаҳон-2019 (Марокаш, Марокаш) – тилло.

Маблағи Фонди ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон-202 оид ба ҷудо 1 млн евроро ташкил медиҳад. Дар мусобиқаҳои инфиродӣ ғолибон дар ҳамаи 14 вазн – 26 ҳазор евро, дорандагони медалҳои нуқра – 15 ҳазор евро ва биринҷӣ – 8 ҳазор евро мукофотпулӣ мегиранд.

Дар мусобиқаи даставӣ барои зинаи аввал 90 ҳазор евро, дуюм – 60 ҳазор евро ва мақоми сеюм – 25 ҳазор евро мукофотпулӣ тақдим мешавад.

Ҳамчунин ҷудокорон барои беҳтар кардани мавқеи худ дар радабандиҳои ҷаҳонӣ ва олимпӣ ба имтиёзҳо соҳиб мешаванд. Ғолибо 2000 имтиёз, зинаи дуюм – 1400 имтиёз ва сеюм – 1000 имтиёз мегиранд.

Барои ҳаққи иштирок дар Чемпионати ҷаҳон дар Абу-Даби ҷудокорон мебоист дар рӯйхати 100-гона (топ-100)-и радабандии ҷаҳонӣ қарор медоштанд. Ба наврасон дар 16-гона (топ-16)-и чунин рӯйхат дар байни варзишгарони синнусоли худ қарор доштан лозим буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.