“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард

Асри дирӯз, 23-юми май, раиси ҷумҳури Эрон Иброҳим Раисиро дар зодгоҳаш шаҳри Машҳад ба хок супориданд. Дар ҳамин ҳол Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гузориши муқаддамотии Кумитаи олиро дар мавриди таҳқиқи сабаби садамаи чархболи ҳомили раиси ҷумҳур Иброҳим Раисиро мунташир кард. Хабаргузории ИРНА гузориши ибтидоии Кумитаи олии Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эронро интишор кардааст, ки […]

Asia-Plus

Асри дирӯз, 23-юми май, раиси ҷумҳури Эрон Иброҳим Раисиро дар зодгоҳаш шаҳри Машҳад ба хок супориданд. Дар ҳамин ҳол Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гузориши муқаддамотии Кумитаи олиро дар мавриди таҳқиқи сабаби садамаи чархболи ҳомили раиси ҷумҳур Иброҳим Раисиро мунташир кард.

Хабаргузории ИРНА гузориши ибтидоии Кумитаи олии Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эронро интишор кардааст, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

– Чархбол дар масири пешбинишуда роҳашро тай карда ва аз масири таъиншудаи парвоз набаромадааст.

– Тақрибан якуним дақиқа пеш аз садамаи чархбол, халабони чархболи суқуткарда бо ду чархболи дигари гурӯҳи парвоз тамос гирифтааст.

– Дар ҷузъҳои боқимондаи чархболи суқуткарда осори тир ё ҷойҳои шабеҳ ба он мушоҳида нашудааст.

– Чархболи суқуткарда пас аз бархӯрд оташ гирифтааст.

– Ба далели печидагии мавзеъ, меҳгирифтагӣ (туман) ва паст будани ҳарорати ҳаво амалиёти ҷустуҷӯ то шаб тамдид шуда ва тамоми шаб идома ёфт ва субҳи барвақти рӯзи душанбе (соати 5-и субҳ) бо кӯмаки ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ нуқтаи аниқи фалокат маълум шуд ва ба ҷои ҳодиса қувваҳои хушкигарди амалиёти ҷустуҷӯ ҳозир шуданд.

– Дар муколамоти бурҷи посбонии ҳайати ҳавопаймо ягон ҳолати шубҳанок мушоҳида нашудааст.

Дар гузориши пешакии Кумитаи олӣ перомуни таҳқиқи сабабҳои садамаи чархболи ҳомили раиси ҷумҳур гуфта мешавад, ки ҷузъиёти дигари ин ҳодиса таҳқиқ мешавад ва барои ин кор вақти бештар лозим аст.

Бояд гуфт, бегоҳи дирӯз ҷасади Иброҳими Раисӣ, ҳаштумин раиси ҷумҳури Эрон дар Маҳшад ба хок супурда шуд. Инчунин дигар ҳамроҳонашро ҳам дар шаҳрҳои гуногуни Эрон дафн карданд.

Ёдовар мешавем, ки чархболи ҳомили раиси ҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ рӯзи 19-уми май дар роҳи баргашт аз Табрез дар минтақаи Озарбойҷони шарқӣ суқут кард ва дар пайи ин ҳодиса маҷмаан 8 нафар ҷон бохтанд. Пас аз ин 5 рӯз дар Эрон мотами миллӣ эълон шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.