Дар “Россотрудничество”-и Тоҷикистон роҳбари нав таъин шуд

Андрей Патрушев аз 1 июн роҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин бора дар саҳифаи намояндагӣ дар шабакаи Телеграм хабар дода мешавад. Гуфта мешавад, Патрушев солҳои гуногуни фаъолияти корӣ дар мансабҳои раҳбарӣ дар соҳаи таълими байнулмилалӣ ва фаъолият дар Донишгоҳи федерали Урал ба номи президенти Русия Б.Н. Елтсин (ш.Екатуринбург), ки хатмкардаи ин муассиса […]

Asia-Plus

Андрей Патрушев аз 1 июн роҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин бора дар саҳифаи намояндагӣ дар шабакаи Телеграм хабар дода мешавад.

Гуфта мешавад, Патрушев солҳои гуногуни фаъолияти корӣ дар мансабҳои раҳбарӣ дар соҳаи таълими байнулмилалӣ ва фаъолият дар Донишгоҳи федерали Урал ба номи президенти Русия Б.Н. Елтсин (ш.Екатуринбург), ки хатмкардаи ин муассиса аст ва Донишгоҳи давлатии Тюмен (ш.Тюмен) ифои вазифа кардааст.

Кори роҳбари пешини намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон Иван Иванов моҳи феврал ба анҷом расид. Ӯ аз соли 2020 ин вазифаро ба уҳда дошт.

Дар Телеграм-канали худ зимни хайрухуш бо Тоҷикистон ӯ чунин навишт: “Хушбахтам, ки дар таҳкими ҳамкории кишварҳоямон саҳм гузоштам. Ин солҳо пур аз рӯйдоду воқеаҳои ҷолибу рангин буданд. Тоҷикистон ба ман шиносоӣ бо фарҳангу табиати ғанӣ ва нотакрор ва аз ҳама муҳимаш – одамони наҷибу боистеъдодро ҳадя кард. Дӯстии халқҳоямон поянда бод!”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.