КҲФ аз омадани сел ва обуҳавои номусоид огоҳ мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон хабар медиҳад, ки шабонарӯзи наздик дар баъзе минтақаҳои доманакӯҳию кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд бо сабаби ба амал омадани боришоти бошиддат сар задани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест. Гуфта мешавад, дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз […]

Манзума Фируз, Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон хабар медиҳад, ки шабонарӯзи наздик дар баъзе минтақаҳои доманакӯҳию кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд бо сабаби ба амал омадани боришоти бошиддат сар задани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда (Варзоб, Лучоб, Харангон, Ромит, Элок) баландшавии сатҳи об дар назар аст.

Дар ин робита Кумита ба сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ боисрор тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба назди обанборҳо, саёҳат ва тамошо дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат тариқи ағба ва роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, инчунин аз ҷамъоварии занбурӯғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ варзанд.

Бо муроҷиат ба сокинони ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳистон Кумита тавсия медиҳад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳои воқеъ дар наздикии обанборҳо хеле эҳтиёткор бошанд.

Аз идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ дархост мешавад, ки бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии шароити обу ҳаво ва ҷиҳати пешгирии оқибатҳои омадани сел, каналу селроҳа ва ҷӯйборҳоро тоза кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.