Чин дар Қошғар барои ронандагони тоҷик таваққуфгоҳ ва манзили ройгон пешниҳод мекунад

Маркази байналмилалии логистикии шаҳри Қошғар барои ронандагони Тоҷикистон таваққуфгоҳҳо ва хидматрасониҳои дигари ройгонро пешниҳод мекунад. Дар ин бора байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Сомонаи Вазорати нақлиёти кишвар хабар медиҳад, ки Маркази байналмилалии логистикии шаҳри Қошғар ҳангоми ба […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Маркази байналмилалии логистикии шаҳри Қошғар барои ронандагони Тоҷикистон таваққуфгоҳҳо ва хидматрасониҳои дигари ройгонро пешниҳод мекунад. Дар ин бора байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Сомонаи Вазорати нақлиёти кишвар хабар медиҳад, ки Маркази байналмилалии логистикии шаҳри Қошғар ҳангоми ба амал омадани мушкилот, аз ҷумла фиреб хӯрдан аз ҷониби ширкатҳои боргуселкунанда, ширкатҳои миёнарав, ба охир расидани муҳлати раводид, ғалат ва бо хатоҳои техникӣ ба расмият даровардани бор ва бемор шудани ронандаҳои тоҷик кумакҳои аввалиндараҷаи ройгон, аз ҷумла ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд.

"Тарафҳо дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва соддагардонии раванди ҳамлу нақли бор ҳамкориро ба роҳ монда истодаанд",-қайд мекунанд Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ба иттилои ин ниҳод, марказ инчунин ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои интиқоли бор, пешниҳоди хизматрасониҳо ба ронандагони тоҷик, аз ҷумла таъмини хизматрасониҳои боркунию борфарорӣ, таъмин кардани воситаҳои нақлиёти Тоҷикистон бо бор дар шаҳри Қошғар ба таври имтиёзнок мусоидат менамояд.

Маркази байналмилалии логистикии Ҷинлида дар шаҳри Қошгар дар марз бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ҷойгир аст ва аз ин рӯ, пеш аз ҳама, ба ҳамлу нақли бор дар ин самт хизмат мерасонад ва ба рушди тиҷорати осиёӣ мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.