Даргузашти Марворид Қосимова, аввалин зани коргардони тоҷик

Марворид Қосимова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва аввалин коргардонзани тоҷик дирӯз дар шаҳри Мински Белорус аз олам даргузашт. Дар ин  бора киношинос Тиллои Некқадам иттилоъ дод. Сабаби марги Марворид Қосимова маълум нест. Ӯ 86 сола буд. Қосимова 10-уми апрели 1938 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Институти давлатии умумиитифоқи кинематографияи шаҳри Маскавро соли 1962 ба итмом расонда, қариб 30 […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Марворид Қосимова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва аввалин коргардонзани тоҷик дирӯз дар шаҳри Мински Белорус аз олам даргузашт. Дар ин  бора киношинос Тиллои Некқадам иттилоъ дод.

Сабаби марги Марворид Қосимова маълум нест. Ӯ 86 сола буд.

Қосимова 10-уми апрели 1938 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Институти давлатии умумиитифоқи кинематографияи шаҳри Маскавро соли 1962 ба итмом расонда, қариб 30 сол дар “Тоҷикфилм” ба сифати коргардон кор кардааст.

Ӯ дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кишварро тарк кард ва 30 соли охир дар Белорус зиндагӣ мекард. Вай дар шаҳри Минск ҳам ба фаъолияти эҷодии хеш идома дода, корманди “Белорусфилм” буд ва дар ин кишвар низ қариб 10 филми бадеиву ҳуҷҷатӣ сабт кардааст.

Ҳамчунин, дар Белорусия ба фаъолияти педогогӣ машғул шуда, коргардонҳои ҷавонро тарбия мекард.

Дар “Тоҷикфилм” ҳам маҳсули кораш зиёд аст. Ҳангоми донишҷӯӣ (соли 1959) филми ҳуҷҷатии “Қалби яқини Помир”-ро таҳия кард. Минбаъд филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатиии зиёде таҳия намуд.

Филмҳои бадеиаш – «Тобистони соли 43-юм», «Ҷӯра-Саркор», «Роҳҳо гуногун мешаванд», «Чор нафар аз Чорсанг» (2 қисм), «Бофандадухтар», «Буд-набуд, дар синфи якум буд», «Имрӯз ва ҳамеша», «Чашмаи гуё», «Пайи динозавр куҷо мебарад?», «Марди мутааллиқи ду зан», «Ишқ баъди сад сол» дар синамои тоҷик ҷои хос доранд.

Дар “Белорусфилм” бошад, филмҳои “Аз воздам” (1993), “Сын за отца” (1995), “Маленький боец” (1998),  “Зорка Венера” (2000),  “Бальное платье” (2003),  “Глубокое течение” (2005), “Соблазн” (2006)-ро сабт намудааст.

Филмҳои ҳуҷҷатии «Бародари ман Ғулом», «Ибни Сино», «Зебо», «Сарчашма», «Саҳифаҳои албоми куҳна», «Кишвари ман», «Роҳи баробари умр», «Бо роҳи охирин», «Фарёд», «Роҳи сафед» ва ғайраҳо низ маҳсули фаъолияти ӯ дар “Тоҷикфилм” ҳастанд.

Марворид Қосимова ҳамчун ҳунарпеша дар филмҳои “Ҷӯра-Саркор” (1969), “Чор нафар аз Чорсанг” (1973), “Ишки аввали Хоҷа Насриддин” (1977), «Буд-набуд, дар синфи якум буд» (1978), “Ҷинояткорон ва адвокатҳо” (1981), “Имрӯз ва ҳамеша” (1982), “Ман ба вай писандам” (1985) нақшҳои хурду бузург офаридааст.

Марворид Қосимова барои хидматҳояш бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1976). Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон (1982) ва Грамотаи Фахрии Шӯрои Вазирони Беллорус (2004), медали Франсиск Скорин (2008) ва Ордени Франсиск Скорин (2015) қадрдонӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.