Боздошти 2 зани қаллоб аз Ӯзбекистон дар Варзоб

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар ноҳияи Варзоб мақомоти милитсия ду зани шаҳрванди Ӯзбекистонро ба гумони қаллобӣ бо роҳи макру фиреб ва сеҳру ҷоду боздошт намуданд.

Дар гузориши видеоии нашршудаи ВКД Тоҷикистон дар ин робита зикр мешавад, ки Зулола Сайфуллоеваи 30-сола ва Юлдуз Бердиеваи 32-сола аз рӯи шикояти се нафар занон – сокинони ноҳияи Варзоб боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, ин занон сокинони ноҳияи мазкурро фиреб дода, пулу ашёи гаронбаҳои онҳоро азхуд мекардаанд.

Мувофиқи гузориши видеоӣ, ин ду нафар зан бори нахуст соли 2023 ба ноҳияи Варзоб омада, зани 57-солаи сокини маҳаллиро фиреб додаанд.

Зани ҷабрдида мегӯяд, занҳо ба ӯ гуфтаанд, ки “хона бӯи хун мекунад” ва агар ӯ ба онҳо пул надиҳад, “писараш дар давоми ҳафта вафот мекунад”.

“Онҳо гуфтанд, ки писарамро мекушанд ё ӯ худро меовезад. Гуфтанд, ки инро пешгирӣ мекунанд. Ман намедонистам, ки чӣ кор кунам. Аз ман 23 ҳазор сомонӣ, телефони худам ва ҳамсарам ва гӯшвораҳову ҳалқаамро гирифтанд”, – изҳор мекунад зан.

Баъди ин онҳо ба ватанашон (Ӯзбекистон) рафта, лекин пас аз чанд рӯз баргаштанд ва боз ду зани дигарро фиреб доданд.

Қобили зикр аст, ки боздошти ин ду зан аз кишвари ҳамсоя замоне сурат мегирад, ки дар Тоҷикистон амалиёти зидди шахсони машғул ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду ҷараён дорад ва тайи моҳи ахир мақомоти милитсия зиёда аз 50 нафарро ба гумони даст доштан дар ин амалҳо боздошт кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...