Дар Тоҷикистон 200 ҳазор кӯдак ба “лагер”-и тобистона мераванд

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 ҳазор кӯдаку наврас дар таътили тобистонаи имсола ба истироҳатгоҳ ё “лагер”-ҳои тобистона мераванд, ки ин нисбат ба соли гузашта 56 ҳазору 747 нафар камтар мебошад. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд. 

Манбаъ гуфт, соли ҷорӣ барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон 4,5 млн сомонӣ ҷудо гардидааст. Барои истироҳати кӯдакон соли гузашта 3,8 млн сомонӣ ва соли 2022-юм 3,6 млн сомонӣ ҷудо шуда буд.

“Маблағҳои мазкур дар мадди аввал ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони аз оилаҳои камбизоат ва хонандагони фаъолу боистеъдод пешбинӣ карда шудаанд”,-гуфтанд аз Вазорати маориф ва илм.

Дар вилояти Суғд 30 ҳазору 450 хонанда ва дар вилояти Хатлон 191 ҳазору 290 хонанда ба истироҳатгоҳҳои тобистона мераванд. Инчунин, аз шаҳри Душанбе 3792  хонанда ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ мераванд.

Дар маҷмуъ, дар ҳудуди ҷумҳурӣ 57 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 20 адади он дар тобеияти шуъбаҳои маориф ва 5 адад дар тобеияти Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм мебошанд.

Хотиррасон мекунем, ки соли 2023 дар 3318 истироҳатгоҳ 256 ҳазору 747 кӯдаку наврас ба истироҳат ҷалб шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...