ВКХ Русия: Тоҷикистон ба иштироки намояндагони “Толибон” дар кори СҲШ розӣ нест

Аксарияти иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) аз барқарор шудани кори гурӯҳи СҲШ-Афғонистон ҷонибдорӣ карданд. Зимни мусоҳиба ба хабаргузории РИА Новости рӯзи 11 июн директори департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кабулов дар ин робита изҳор намудааст, ки ба ин кор танҳо Тоҷикистон розӣ нест. Ба гуфтаи […]

Asia-Plus

Аксарияти иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) аз барқарор шудани кори гурӯҳи СҲШ-Афғонистон ҷонибдорӣ карданд.

Зимни мусоҳиба ба хабаргузории РИА Новости рӯзи 11 июн директори департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кабулов дар ин робита изҳор намудааст, ки ба ин кор танҳо Тоҷикистон розӣ нест.

Ба гуфтаи ӯ, масъалаи барқарор намудани кори гурӯҳи СҲШ-Афғонистон чанде пеш дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ (20-21 майи соли 2024 дар Остона) баррасӣ шуда буд.

«Русия ва аксарияти иштирокдорони ин чорабинӣ тарафдори аз нав оғоз кардани кори ин гурӯҳи тамос буданд. Шубҳаҳои муайян дар ин бора аз ҷониби шарикони мо аз Тоҷикистон боқӣ мемонанд, аммо мо умедворем, ки дар ояндаи наздик онҳо низ мавқеи худро сабуктар хоҳанд кард», – гуфт Кабулов.

Як сол пеш раҳбарияти “Толибон” изҳор дошт, ки намояндагони онҳо барои иштирок дар нишастҳои СҲШ ҳаққи қонунӣ доранд.

«Аморати исломии Афғонистон (номи давлатро, ки аз ҷониби толибон истифода мешавад) баргузор намудани чунин вохӯриҳоро барои беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ бо мақсади таъмини амнияти минтақа ва рушди ҳамкорӣ истиқбол мекунад ва иштироки Афғонистон (ки нозир дар созмон мебошад) дар чунин вохӯриҳоро ҳаққи қонунии худ меҳисобад», – зикр гардида буд он замон дар изҳороти толибон.

Ба ақидаи “Толибон”, ҳузур надоштани намояндагони мақомоти Афғонистон дар ҷаласаҳои СҲШ «барои ҳамоҳангсозии ҳамаҷонибаи амалҳо дар муқобили хатарҳои соҳаи амният, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии Афғонистон ва татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ» монеъа эҷод мекунад.

То сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон дар соли 2021, ин кишвар ҳамчун нозир ба таври пурра дар кори СҲШ ширкат мекард, аз ҷумла, роҳбарони пешини Афғонистон дар нишастҳои ин созмон иштирок мекарданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?