“Муллои ҷинбарор” боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд

Қурбонмурод Тағоев, сокини деҳаи Яғноби ноҳияи Айнӣ бо иттиҳоми “машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ” боздошт ва бар зиддаш парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Дар ин бора дар барномаи “Ахбори ВКД” хабар дода мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, Қурбонмурод Тағоев мактаби миёнаро то синфи 4-ум хондааст ва дигар таҳсилоти расмии динӣ нагирифтааст. Гуфта мешавад, ки шуғли […]

Asia-Plus

Қурбонмурод Тағоев, сокини деҳаи Яғноби ноҳияи Айнӣ бо иттиҳоми “машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ” боздошт ва бар зиддаш парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Дар ин бора дар барномаи “Ахбори ВКД” хабар дода мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, Қурбонмурод Тағоев мактаби миёнаро то синфи 4-ум хондааст ва дигар таҳсилоти расмии динӣ нагирифтааст. Гуфта мешавад, ки шуғли асосиаш ҳам чӯпонӣ мебошад.

“Тағоев Қурбонмурод худро муллои ҷинбарор муаррифӣ намуда, бо истифода аз дини мубини ислом ҳамчун ниқоб дар манзили зисти худ ва манзилҳои корафтодагон бо роҳи макру фиреб дуохониву ҷинбарорӣ ва бахткушоӣ карда, маблағи пулӣ ба даст меовардааст”, – гуфта мешавад дар “Ахбори ВКД”.

Ғайр аз ин, манбаъ меафзояд, ки гумонбаршуда “нисбати занони корафтода кирдорҳои бадахлоқона анҷом медодааст”.

Дар рафти тафтишот аз ҷайби Қурбонмурод Тағоев се китобчаи динӣ дарёфт гардидааст, ки аз рӯи он дуохониву ҷинбарорӣ мекардааст.

Қурбонмурод Тағоев дар гузориши “Ахбори ВКД” тасдиқ кард, ки ба дуохонӣ машғул мешудааст ва таъкид мекунад, “дар Қурони маҷид сеҳру ҷоду ҳаром гардидааст ва ман дигар ба ин кор машғул намешавам”.

Дар барномаи “Ахбори ВКД” бо кадом модда айбдор шудани Қурбонмурод Тағоев зикр намешавад, вале аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки гумонбаршуда дар асоси моддаи 482, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) айбдор ва бо бардохти ҷарима озод шудааст.

Ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2 ҳазору 880 то 3 ҳазору 600 сомонӣ) ҷарима таъйин кардааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки вақтҳои охир амалиёти боздошти соҳирону ҷодугарону фолбинон дар Тоҷикистон зиёд шудааст. Қаблан қариб 70 нафар ҷодугарону фолбинон дар вилояти Хатлон боздошт шуда буданд.

Бояд гуфт, ки парлумони кишвар зимни ҷаласае, ки рӯзи 8‑уми май баргузор шуд, тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар мавриди пурзӯр кардани ҷазо барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбиниро қабул кард.

Ёдовар мешавем ки ин аввалин чораи давлат дар мубориза бо ҷодугарон ва фолбинҳо нест. Моҳи апрели соли равон Вазорати  корҳои дохилии кишвар хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон ҷодугарон, муллоҳои тӯмору таштобдиҳанда ва шахсони ба таълими ғайриқонунии динӣ машғулро рӯйхат мекунанд ва онҳоеро, ки бо мардумфиребӣ зиндагиашонро пеш мебаранд, то 6 моҳ ҷазои меҳнатии маҷбурӣ таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.