Ҷазо барои таҷлили зодрӯзу тӯй ва маросими дафну зиёрати ҳоҷӣ сахттар шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон расман идгардак ва воридот, фурӯш ва пӯшидани “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд. Ғайр аз ин, ҷарима барои поймол кардани талаботи қонун оид ба ҷашну маъракаҳое ба мисли пешвозу гусели ҳоҷиён, тӯйи домодию арӯсӣ, зодрӯз, хатнасур ва дафну азодорӣ сангинтар гардид.

Тарҳи нави Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар нашрияи расмии ҳукумати кишвар – “Ҷумҳурият” ба нашр расид ва ҳукми қонунӣ пайдо кард.

Бар асоси моддаи 9-и тарҳи нави қонуни мазкур дар рӯзи идҳои Рамазон ва Қурбон “дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва тӯҳфаҳои дигар (идгардак) манъ аст”.

Тибқи моддаи 18-и тарҳи нави қонун бошад, “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо” манъ гардидааст.

Аммо дар тарҳи нави Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ва Қонун “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” мушаххас нашудааст, ки дар сурати вайрон кардани талаботи моддаҳои 9 ва 18 (идгардак ва воридот, фурӯш ва пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона) чӣ қадар ҷарима пардохта мешавад.

Ҳамчунин, дар қонуни мазкур мушаххас нагардидааст, ки “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” кадом аст: барои занҳо ҳиҷоб ё юбка ва барои мардҳо қамис (либоси мардона, ки маъмулан ҳоҷиҳо мепӯшанд) ё костюму брюк?

Дар ҳамин ҳол, дар тарҳи нави Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” акнун барои вайрон кардани қонуни мазкур ҷазои ҷиноӣ низ пешбинӣ гардидааст. Қаблан, дар сурати нақзи қоидаҳои танзим, танҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шуда буд.

Ғайр аз ин, ҷарима барои нақзи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” сангинтар гардид: аз 8 ҳазору 640 сомонӣ (ҳудуди 800 доллар) то ба 216 ҳазор 000 сомонӣ (ҳудуди 20 ҳазор доллар).

Барои нақзи муқаррароти қонун дар мавриди ҷашни зодрӯз, хатнасур, маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, дафну азодорӣ ва мавлудхонӣ:

Шаҳрвандон: 8 ҳазору 640 сомонӣ ҷарима.

Мансабдорон: 25 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима.

Барои нақзи талаботи қонун оид ба тӯйи домодию арӯсӣ, теъдоди меҳмонҳо ва замони баргузории ҷашну маросим:

Шаҳрвандон: 15 ҳазору 840 сомонӣ ҷарима.

Мансабдорон: 39 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима.

Барои нақзи меёри қонун доир ба тартиби гуселу пешвози ҳоҷиён (фарзӣ ва умра), ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва тақсими тӯҳфаҳо, оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо:

Шаҳрвандон: 21 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима.

Мансабдорон: 57 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима.

Ҷаримаи ҳунармандон, молики тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тӯйхона барои риоя накардани шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо:

Аз 21 ҳазору 600 то 108 ҳазору 000 сомонӣ ҷарима.

Дар тарҳи пешина барои нақзи талаботи қонуни танзим барои шаҳрвандон 550 нишондиҳанда (39 ҳазору 600 сомонӣ) ва барои мансабдорон 800 нишондиҳанда (57 ҳазору 600 сомонӣ) ҷарима муайян шуда буд.

Барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзим аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин бошад, ба андозаи 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (54 ҳазор сомонӣ) ҷарима таъйин шуда буд.

Акнун дар тарҳи нав нақзи қонуни танзим таснифбандӣ шуда ва миқдори ҷаримаҳо низ мушаххас гардидааст.

Бояд гуфт, ки рӯзи 8‑уми май палатаи поёнии парлумон Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим”-ро қабул кард.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, дар ҳузури вакилон ҳадафи ин тағйиротро “беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон” номид.

Тасмими манъи идгардак дар рӯзи идҳои мазҳабӣ ва пӯшидани либоси бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб дар ҷомеа вокуниши гуногунро ба миён овард.

Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое пахш шуд, ки кормандони номаълум бархе занонро боздошт ва маҷбур мекунанд, ки сатрашонро кашанд ва ё онро ба “усули тоҷикӣ” банданд. Гурӯҳи дигар аз ин тасмим ҳимоят карданд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯраи уламои Тоҷикистон дар як баромади худ дар ТВ “Тоҷикистон” аз тарҳи ин қонун ҳимоят карда, гуфта буд, ки либоси миллӣ ҳам бояд мувофиқи муқаррароти ислом бошад.

Ин дар ҳолест, ки фурӯшандагон аз муқаррароти нави Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ибрози нигаронӣ доранд.

Барои риоя накардани он ҷарима таъин шудааст, вале ҳоло миқдори он муайян нест. Ҳамзамон, то ҳол аниқ гуфта нашудааст, ки кадом намуди либос “ба фарҳанги миллӣ бегона” аст ва фурӯшу пӯшидани он мумкин нест.

Чунин сангаргириҳо дар манъи идгардаки кӯдакон низ буд: теъдоде онро ҷонибдорӣ карда, гуфтанд, идгардак барои кӯдакон бехатар нест ва дар ин шевае, ки баргузор мешавад, барои ҷомеаи тоҷикӣ бегона аст. Гурӯҳи дигар гуфтанд, ин як манбаи хушнудии кӯдакон аст ва бо қабули қонун наметавон пеши роҳи кӯдаконро гирифт ва онҳоро аз хурсандӣ боздошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...