Ҳалокати зани роҳрӯб зери чархи мошини Starex дар Душанбе

Бар асари як садамаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе зани роҳрӯб Қурбонгул Абдуллоеваи 38-сола ба ҳалокат расид. Тавре ки Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ин ҳодиса соати 23:30 дақиқаи рӯзи 22 июн дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои пойтахт рух додааст. “Ронандаи автомашинаи тамғаи «Hyundai Starex», сокини шаҳри Ҳисор Фарҳод Сафарови 31-сола аз […]

Asia-Plus

Бар асари як садамаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе зани роҳрӯб Қурбонгул Абдуллоеваи 38-сола ба ҳалокат расид.

Тавре ки Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ин ҳодиса соати 23:30 дақиқаи рӯзи 22 июн дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои пойтахт рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи «Hyundai Starex», сокини шаҳри Ҳисор Фарҳод Сафарови 31-сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада Қурбонгул Абдуллоев, коргари МД истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синоро бо мошинаш пахш мекунад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, бар асари ҷароҳатҳои бардошта дар ин садамаи нақлиёт зани роҳрӯб дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда – Фарҳод Сафаров тибқи талаботи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан бо фаъоляти муайян  ба муҳлати то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.