3:1: бурду бохти варзишгарони маъруфи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда чор шаҳрванди Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок карданд. Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов (8-0, 3 КО) бар варзишгари Русия Довуд Алаев (9-1, 5 КО) дастболо шуд. Дар мусобиқа оид ба бокс дар Екатеринбург (Русия) дар вазни 61,2 кг дар ҳашт раунд бо қарори доварон ӯ Алаевро мағлуб кард.    Дар доираи […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда чор шаҳрванди Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок карданд.

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов (8-0, 3 КО) бар варзишгари Русия Довуд Алаев (9-1, 5 КО) дастболо шуд. Дар мусобиқа оид ба бокс дар Екатеринбург (Русия) дар вазни 61,2 кг дар ҳашт раунд бо қарори доварон ӯ Алаевро мағлуб кард.   

Дар доираи мусобиқаи Bellator Champions Series 3 дар Дублин размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта Сарвар Ҳамидов (16:0) бори навбатӣ пирӯз шуд. Дар доираи қувваозмоӣ (кардҳо)-и пешакӣ варзишгари тоҷик дар вазни 61,2 кг намояндаи Бразилия Марсирли Алвсе да Силва (11:3)-ро мағлуб кард. Ҳамаи доварон ба пирӯзии ӯ (ҳисоб 30:27) овоз доданд.

Қобили зикр аст, ки ба туфайли ин пирӯзӣ Сарвар Ҳамидови 27-сола дар мусобиқаҳои касбиёни ММА омори хуб дорад. Ӯ дар ҳамаи 16 қувваозмоӣ дар замони ҳунарнамоиаш, аз ҷумда дар сетоаш таҳти сарпарастии Bellator пирӯзӣ ба даст овардааст.

Дар мусобиқаи UFC on ABC 6 дар Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) дар вазни сабуктарин варзишгари Тоҷик Муин Ғафуров (UFC 1-2, 19-6) бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Кюнг Хо Канг (UFC 8-5-1, 19-12) дар се арунд қувваозмоӣ намуда, бо қарори якдилонаи доварон (ҳамаи доварон – 30-27-ӣ) пирӯз дониста шуд.

Қобили зикр аст, ки Дар Чемпионати мутлақи размикорӣ (UFC) Ғафуров 3 қувваозмоӣ гузаронида, ғалаба бар Канг аввалин дар ин промоушен мебошад.

Дар ҳамин мусобиқа дар Арабистони Саудӣ намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммад Наимов (UFC 3-1, 11-3) дар вазни нимасабуки 66 кг дар раунди сеюм бо усули буғикунанда пеш аз муҳлат аз варзишгари бразилиягӣ Фелипе Лима (UFC 0-1, 13-1) шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти Наимов дар промоушени Дана Уайт мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.