Ҷудокорони ҷавони тоҷик дар Алмато медалҳои тилло ва биринҷӣ ба даст оварданд

Дар Алмато Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни ҷавонон бахшида ба ёдбуди Бект Маҳмудов ба анҷом расид. Дар ин мусобиқа зиёда аз 700 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Муғулистон, Шри-Ланка, Олмон, Молдова ва ИМА иштирок карданд. Мусобиқа давоми чор рӯз дар маҷмааи варзишии “Балуан Шолак” баргузор шуд. Мусобиқа ба ҷудокорони ҷавон имкон дод, […]

Дар Алмато Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни ҷавонон бахшида ба ёдбуди Бект Маҳмудов ба анҷом расид. Дар ин мусобиқа зиёда аз 700 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Муғулистон, Шри-Ланка, Олмон, Молдова ва ИМА иштирок карданд. Мусобиқа давоми чор рӯз дар маҷмааи варзишии “Балуан Шолак” баргузор шуд.

Мусобиқа ба ҷудокорони ҷавон имкон дод, ки натанҳо малакаву ҳунари худро намоиш диҳанд, балки барои радабандиҳо (рейтингҳо) имтиёзҳо ба даст оранд, ки дар ҳунарнамоии минбаъдаи онҳо нақши муҳим хоҳанд бозид.

Ҷудокори тоҷик Лоиқ Қутбиддинов дар дараҷаи вазни 60 кг миёни кадетҳо ба дарёфти медали тиллои мусобиқаи шарафёб гардид.

Ба иттилои муовини раиси Федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ Эргаш Маҳмадбеков , дар вазни 73 кг низ Муҳиддин Асадуллоев медали тилло гирифта, дар ҳамин вазн Абӯбакр Абдуҷалилзода медали биринҷӣ ба даст овард.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ҳудуди 50 нафар ҷудокорони ҷавони ояндадор намояндагӣ карданд.

“Бахусус мехоҳам Асадуллоевро зикр кунам, ки дар ҳамаи рақобатҳояш сатҳи баланди муқовимат нишон дода, қариб дар ҳамаи набардҳо пеш аз муҳлат ғолиб шуд”, – иброз дошт ӯ.

Номбурда хотиррасон намуд, ки тирамоҳ дар Душанбе Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон доир мегардад ва ба онҳо омӯзиши ҳарифони оянда, арзёбии омодагии варзишгарон ва таҳлили паҳлӯҳои мусбату манфии онҳо зарур буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.