Маош зиёд шуд. Ба 40% маоши изофашуда чӣ метавон харид?

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Аз 1 июл дар Тоҷикистон музди меҳнат, стипендия ва нафақаҳо зиёд карда шуданд.

Маошу стипендияҳо ба андозаи 40% ва нафақа – 30%. «Азия-Плюс» тасмим гирифт муайян созад, ки оё тоҷикистониён бо даромадҳои нав метавонанд ба чизҳои зиёдтаре барои худ дастрасӣ дошта бошанд.

Агар шумо кор мекунед

Маоши ҳадди ақалл дар ҳамаи соҳаҳои иқтисод 200 сомонӣ зиёд мешавад ва акнун он ба 800 сомонӣ (75,20 доллар) баробар аст.

Акнун тоҷикистониён ҳоло бо ин 200 сомонӣ чӣ қадар метавонанд барои худ бештар чизе бихаранд?

Агар шумо донишҷӯ бошед

Донишҷӯён дар Тоҷикистон 4 намуди стипендия мегиранд: президентӣ, олӣ, миёна ва қаноатбахш.

Пеш аз ин болоравӣ стипендияи президентӣ ба 1130 сомонӣ баробар буд.

Олӣ – 448 сомонӣ

Миёна – 324 сомонӣ

Қаноатбахш – 120 сомонӣ

Ҳоло ҳаҷми онҳо 40% зиёд шудааст: бо сомонӣ аз 48 то 452 вобаста ба навъи стипендияҳо.

Пас, донишҷӯён бо ин фарқият чиҳо харида метавонанд? Албатта, касоне, ки стипендияи перзидентӣ мегиранд, имконияти зиёдтар доранд.

Агар шумо нафақахӯр бошед

Доруқуттии нафақахӯр

Касоне, ки фарқияти нафақаашон ҳадди ақалл 150 сомонӣ бошад, метавонанд алоҳида тонометр (фишорсанҷ) бихаранд.

Маҳсулот

Нафақахӯрон аз фарқият на зиёдтар аз касоне, ки маошашонро боло бурданд, истифода карда метавонанд, шояд камтар аз онҳо бошад ҳам.

Онҳое, ки фарқияташон ба 500 сомонӣ мерасад, маҳсулоти зеринро харида метавонанд:

Истироҳат дар осоишгоҳ

Касоне, ки фарқияташон 500 сомонӣ ва зиёдтар аз онро ташкил медиҳад, имкон доранд, ки дар шифохонаҳое ба мисли “Шифо” ва “Баҳористон” ё маҷмааи меҳмонхонаи БМТ истироҳат кунанд, лекин ба муддати ҳамагӣ – як шабонарӯз…

Нархи ҳуҷраи маъмулӣ барои 2 кас аз 140 сомонӣ оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...