Ҳаҷми маошу нафақа ва идрорпулӣ то 40% зиёд шуд. Кӣ чанд пул мегирад?

Шурӯъ аз имрӯз, 1-уми июли соли равон ҳаҷми маоши кормандони соҳаи буҷетӣ ва идрорпулии хонандагону донишҷӯён 40 дарсад ва меъёри нафақа 30 фоиз зиёд шуда, музди меҳнати ҳадди ақал дар кишвар 800 сомонӣ муқаррар гардид. Дар тавзеҳот оид зиёд гардидани маошу нафақа ва идрорпулӣ, ки дар сомонаи Хадамоти матбуотии раисҷумҳури кишвар нашр шуд, омадааст, ки барои […]

Шурӯъ аз имрӯз, 1-уми июли соли равон ҳаҷми маоши кормандони соҳаи буҷетӣ ва идрорпулии хонандагону донишҷӯён 40 дарсад ва меъёри нафақа 30 фоиз зиёд шуда, музди меҳнати ҳадди ақал дар кишвар 800 сомонӣ муқаррар гардид.

Дар тавзеҳот оид зиёд гардидани маошу нафақа ва идрорпулӣ, ки дар сомонаи Хадамоти матбуотии раисҷумҳури кишвар нашр шуд, омадааст, ки барои ин беш аз 2 млрд сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона гардида, ҳамаи маблағҳо “пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ” амалӣ мешавад.

Дар бораи баланд бардоштани ҳаҷми маошу нафақа ва идрорпулӣ дар моҳи июли соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми охири худ ба Маҷлиси олии кишвар дар моҳи декабри соли гузашта зикр карда буд.

Ҳамин тариқ, фармон дар бораи баланд бардоштани ҳаҷми маошу нафақа ва идроорпулӣ рӯзи 9-уми январ ба имзо расид.

Дар тавзеҳоте, ки нашр шуд, омадааст:

– маоши вазифавии кормандони мактабҳои миёна, аз ҷумла муаллимони мактабҳои таҳсилотии умумӣ аз синфи 1 то 11, литсейҳо, гимназияҳо, ҳамаи мактаб -интернатҳо, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона 40 фоиз;

– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, коллеҷҳо, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, инчунин, маоши вазифавии кормандони соҳаи илм ба андозаи 40 фоиз;

– музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 40 фоиз;

– музди маоши кормандони соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла хона – интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, осоишгоҳҳо, литсей интернати касбии махсуси маъюбон, шӯъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ дар хона ва дигар муассисаҳои соҳа ба андозаи 40 фоиз;

– маоши кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, клубҳо, театрҳо, матбуоти даврӣ ва нашрияҳо низ 40 фоиз;

-маоши заминавӣ барои мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот 40 фоиз;

– ҳаҷми стипендияҳои амалкунанда, аз ҷумла стипендияҳои Президенти Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбию илмӣ, стипендияи давлатӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 40 фоиз

зиёд карда мешавад.

Ҳамчунин, ҳаҷми нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (ва ё зиёд) карда мешаванд.

Дар фармон ҳамчунин, гуфта шудааст, ки аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст. То ин вақт, маоши ҳадди ақал 600 сомонӣ буд.

Қобили зикр аст, ки аз 1 январи соли 2024 маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ 40 фоиз зиёд шуда буд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар 7 соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар афзудааст.

Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар – аз 37,2 миллиард сомонӣ дар соли 2017 то ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 афзоиш ёфтааст.

Музди миёнаи кор бештар аз 2 баробар, андозаи нафақа — 1,9 баробар афзуд.

Сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ дар сатҳи мӯътадил боқӣ монда, дар маҷмӯъ 3,8 фоизро ташкил дод, ки ин нишондиҳандаи пасттарин дар солҳои охир мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.