Роҳбари пешини Филармонияи давлатӣ гуфт, нисбаташ парванда боз нашудааст

Кароматулло Раҳимзода, роҳбари пешини Филармонияи давлатии Тоҷикистон хабари ифтитоҳи парванда нисбаташро рад карда, гуфт, “он маблағро нагирифтаам”. Бояд гуфт, ки хабари ифтитоҳи парванда нисбати Кароматулло Раҳимзода, сармуҳосиби ин муассиса Баҳриддинов С.С. ва соҳибкор Якубов Ш.А. бо гумони азхудкунии 834 ҳазору 441 сомонӣ аввал дар саҳифаи Агентии зиддифасод дар шабакаи иҷтимоии фейсбук нашр гардид, вале баъди […]

Кароматулло Раҳимзода, роҳбари пешини Филармонияи давлатии Тоҷикистон хабари ифтитоҳи парванда нисбаташро рад карда, гуфт, “он маблағро нагирифтаам”.

Бояд гуфт, ки хабари ифтитоҳи парванда нисбати Кароматулло Раҳимзода, сармуҳосиби ин муассиса Баҳриддинов С.С. ва соҳибкор Якубов Ш.А. бо гумони азхудкунии 834 ҳазору 441 сомонӣ аввал дар саҳифаи Агентии зиддифасод дар шабакаи иҷтимоии фейсбук нашр гардид, вале баъди чанде пок карда шуд.

Пас аз нисфирӯзии имрӯз, 9-уми июл, Кароматулло Раҳимзода зимни суҳбати бидуни сабт, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ин маблағро нагирифтааст ва нисбаташ парванда ҳам боз нагардидааст.

“Директори Филармонияи давлатӣ нав шуд ва ӯ дархост кард, ки фаъолияти молиявии корхона санҷида шавад. Дар пайи санҷиш баъзе мушкили муҳосибот ва ҳуҷҷатҳои сари вақт дурустнакардаи молиявӣ маълум гардид. Маро ҳамчун роҳбари пешини ин муассиса даъват карда, ба баъзе саволҳо посух гирифтанд, аммо нисбати ман парванда боз нашудааст”,- гуфт ӯ.

Кароматулло Раҳимзода таъкид кард, ки маблағи зикршударо нагирифтааст ва намедонад, ки чаро ин хабар нашр шуд.

“Шояд инҷо хатогие шудааст”, – кӯтоҳ хулоса кард ӯ.

Як масъули Агентии зиддифасод ҳам дар суҳбат ба хабарнигори “Азия-Плюс” сабаби пок кардани хабар аз саҳифаи фейсбукро ба хатогӣ дар хабар рабт дод.

Ӯ гуфт, “иштибоҳе сар задааст ва онро ислоҳ мекунанд”.

Ёдовар мешавем, ки Кароматулло Раҳимзода аз соли 2020 то 2023 роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Ӯ солҳо дар бахши фарҳангу санъати Тоҷикистон, аз ҷумла дар Консерваторияи миллӣ ба ҳайси устод кор кардааст. Пеш аз директори Филармонияи давлатӣ шудан директори Мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.