Аз 18 то 343 доллар. Донишҷӯён дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар идрорпулӣ мегиранд?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар соли нави таҳсили 2023 – 2024 донишҷӯёни давлатҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар идрорпулӣ (стипендия) мегиранд? Дар кадом давлат аз ҳама бештар ва дар кадом кишвар камтар аз ҳама идрорпулӣ дода мешавад? “Азия-Плюс” кӯшиш кард ба ин саволҳо посух ёбад.

Чор навъи идрорпулӣ дар Тоҷикистон

Аслан, идрорпулӣ ба донишҷӯёне дода мешавад, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо ба тариқи буҷавӣ ва дар шакли рӯзона таҳсил мекунанд. Бинобар иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, донишҷӯён асосан 4 навъи идрорпулӣ – президентӣ, олӣ, миёна ва қаноатбахш мегиранд.

Президентӣ – баландтарин идрорпулӣ дар Тоҷикистон аст ва маблағи он аз ҳисоби Фонди Президенти Тоҷикистон ҷудо карда мешавад. Он ба донишҷӯёне дода мешавад, ки танҳо бо баҳои аъло таҳсил мекунанд. Маблағи он 1130 сомонӣ (103 доллар) мебошад.

Олӣ – ба донишҷӯёне дода мешавад, ки нимсолаи таҳсилро бо баҳои аъло ҷамъбаст мекунанд ва маблағи он 448 сомонӣ (41 доллар) аст.

Миёна – ба донишҷӯёне дода мешавад, ки нимсолаи таҳсилро бо баҳои хубу аъло ба анҷом расонидаанд. Маблағи он 324 сомонӣ (29 доллар) мебошад.

Қаноатбахш – донишҷӯёне мегиранд, ки нимсолаи таҳсил то 20 дарсад баҳои қаноатбахш доранд. Дар сурати ҷамъбасти пайиҳами ду нимсолаи таҳсил бо таҳои қаноатбахш, ин навъи идрорпулӣ дода намешавад. Маблағи он 120 сомонӣ (11 доллар) мебошад.

Ба донишҷӯёне, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо тариқи шартнома таҳсил мекунанд ҳеч навъ идрорпулӣ дода намешавад.

Идрорпулии номии Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон донишҷӯён дар соли нави таҳсил се навъ идрорпулӣ мегиранд – президентӣ, асосӣ ва номӣ.

Президентӣ – ба донишҷӯёне дода мешавад, ки танҳо бо баҳои аъло таҳсил мекунанд. Маблағи он 2 191 541 сӯм (180 доллар) мебошад.

Асосӣ – ба донишҷӯёне дода мешавад, ки дар нимсолаи таҳсил камтар аз 30 дарсад баҳоҳояшон хубу қаноатбахш бошад. Маблағи он 621 456 сӯм (51 доллар) аст.

Номӣ – ба номи шахсиятҳои шинохта – Абӯрайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Алишер Навоӣ, Улуғбек, Имом Бухорӣ, Бобур, Паҳлавон Маҳмуд, Тӯлепберген Қаипбергенов, Иброҳим Юсупов, Ислом Каримов ва Камолиддин Беҳзод аст. Он аз рӯйи ихтисосҳо ба донишҷӯёне дода мешавад, ки ӣо баҳои аъло таҳсил мекунанд ва то 25 дарсад баҳои хуб мегиранд. Маблағи он 1 461 28 сӯм (120 доллар) мебошад.

Идрорпулии вижаи Қазоқистон

Дар Қазоқистон донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳо идрорпулӣ мегиранд.

Ба донишҷӯёни бахши омӯзгорӣ ва тиббӣ – 67 200 тенге (145 доллар) идрорпулӣ дода мешавад.

Барои донишҷӯёни соҳаи техника ва касбу ҳунар 32 681 тенге (70 доллар) идрорпулӣ медиҳанд.

Барои боқимондла донишҷӯёни мактабҳои олӣ 41 898 тенге (90 доллар) идрорпулӣ дода мешавад.

Идрорпулии пасти донишҷӯён дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон низоми идрорпулидиҳии комилан дигар амал мекунад. Тибқи қарори Вазорати маориф ва илми ин кишвар барои донишҷӯёни аълохон 1600 сом (18 доллар) идрорпулӣ дода мешавад.

Аммо барои ҳавасманд кардани довталабон барои таҳсил дар ихтисосҳои омӯзгорӣ идрорпулии бештар медиҳанд. Аз ҷумла, дар ин бахш, барои донишҷӯёни курси 1-ум 1000 сом (11 доллар), курси 2-юм 2000 сом (22 доллар), дар курси 3-юм 3000 сом (33 доллар) ва курси 4-ум 4000 сом (44 доллар) идрорпулӣ дода мешавад.

Дар Қирғизистон идрорпулии президентӣ ба донишҷӯёни фаъол дар як сол як маротиба дода мешавад, ки 50 ҳазор сом (566 доллар) аст.

Қадри донишҷӯ дар Туркманистон

Туркманистон яке аз кишварҳои низомаш пӯшидатарини Осиёи Марказӣ аст ва пайдо кардани маълумот дар ҳар хусус душвор мебошад. Аз рӯи иттилои расонаҳо, ҳаҷми миёнаи идрорпулӣ барои донишҷӯёни донишгоҳҳои Туркманистон дар соли 2023 тақрибан 1 ҳазору 200 манат (343 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ин баландтарин идрорпулӣ дар Осиёи Марказӣ аст, аммо санҷиши ин далел тавассути сарчашмаҳои дигар ғайриимкон аст.

Идрорпулие, ки Қирғизистон ба донишҷӯёнаш медиҳад, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама пасттарин мебошад.

Дар бораи сарфу харҷи донишҷӯёни тоҷик дар як моҳ аз ин матлаби “Азия-Плюс” маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...