Дар Тоҷикистон ҳар рӯз то 40 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор мешавад

Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2024 баргузор шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, зимни ҷаласа зикр шуд, ки дар зарфи ним сол дар маҷмӯъ 7330 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва 6588 дастур дода шудааст. “Ҳамчунин дар ин давра нисбати 6634 […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2024 баргузор шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, зимни ҷаласа зикр шуд, ки дар зарфи ним сол дар маҷмӯъ 7330 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва 6588 дастур дода шудааст.

“Ҳамчунин дар ин давра нисбати 6634 ҳолати қонунвайронкунӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3 млн 992 ҳазору 371 сомонӣ қарори ҷаримабандӣ қабул ва аз он 2 млн 936 ҳазору 487 (ё 74%) сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст”, – омадааст дар хабари Кумита.

Дар баробари ин, барои додани баҳои ҳуқуқӣ 656 мавод ба прокуратура ва 378 адад мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол гардида, 5188 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин(ё 70%), дар маҳал бартараф карда шудааст.

Дар Кумита зикр кардаанд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои вайрон кардани қонунгузории замин дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ Кумитаи давлатӣ бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҷмӯъ 40 маротиба риояи қонунгузории заминро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор дода, ба мақомоти дахлдор хулоса пешниҳод намуд.

Раиси Кумитаи идораи замин ва геодезияи ҷумҳурӣ Ориф Хоҷазода ду сол пеш дар ҷараёни нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки дар Тоҷикистон ҳамарӯза 37 ҳолати вайрокунии қонунгузории замин ошкор мешавад. Имрӯз ин рақам то ба 40 ҳолат расидааст.

“Имрӯз масъалаи замин баҳси №1 шудааст, – изҳор дошта буд он замон Хоҷазода. – Мо кормандони бевиҷдонро аз кор озод кардаву ҷазо медиҳем, лекин аз ҷониби дигар, кадрҳои бовиҷдону саводнок намерасанд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.