Тоҷикистон то Аврупо ва Қазоқистону Туркманистон – то Ҳиндустон роҳи оҳан сохтан мехоҳанд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба сохторҳои зертобеи вазорат дастур дод, ки қатораи пилотии роҳи оҳанро тавассути долони нақлиётии «Чин–Тоҷикистон–Узбекистон–Туркманистон–Эрон–Туркия–Аврупо ба роҳ монанд. Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин дастур дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи аввал ва вазифаҳо барои давраи минбаъда дода шуд. Ҳамчунин […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба сохторҳои зертобеи вазорат дастур дод, ки қатораи пилотии роҳи оҳанро тавассути долони нақлиётии «Чин–Тоҷикистон–Узбекистон–Туркманистон–Эрон–Туркия–Аврупо ба роҳ монанд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин дастур дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи аввал ва вазифаҳо барои давраи минбаъда дода шуд.

Ҳамчунин вазир ҷиҳати бунёди хатҳои роҳи оҳани нави транзитӣ ва марҳила ба марҳила нав кардани вагону локомотивҳо супоришҳо дод.

Қаблан Азим Иброҳим изҳор дошта буд, ки нақлиёти роҳи оҳан аз муҳимтарин соҳаи стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад. Зимн суханронӣ дар чорабинӣ бахшида рушди долонҳои мултимодалии байнулмилалии нақлиётӣ моҳи май дар Қазон ӯ зикр кард, ки зиёда аз 70%-и амалиёти содироту воридоти ҷумҳурӣ тариқи нақлиёти роҳи оҳан сурат мегирад.

Ба гуфтаи вазир, дар соҳаи роҳи оҳан айни замон беш аз 10 лоиҳаи муҳими рушд ба маблағи умумии ҳудуди 7,5 млрд доллар таҳия шудааст.

Азим Иброҳим ҳамчунин таъкид дошт, ки феълан дар ҷумҳурӣ 10 долони афзалиятноки савдо ва транзит муайян карда шудааст, ки  қаламрави ҷумҳурии моро аз Шарқ ба Ғарб ва аз Шимол ба Ҷануб убур мекунанд.

“Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди долонҳои мултимодалии иқтисодӣ ва нақлиётии Тоҷикистон, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқиро бо мамолики Осиёи Марказӣ, Русия, Эрон, Туркия ва давлатҳои Аврупо мепайвандад ва ба бандарҳои баҳрӣ роҳ мекушояд, таваҷҷуҳи махсус медиҳад”, – иброз дошт вазир.

Вазир зикр кард, ки ҷиҳати истифодаи самараноки долони «Тоҷикистон – Узбекистон –Туркманистон – Эрон–Туркия», ки ба ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад, корҳо фаъолона идома доранд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Қазоқистон, охири ҳафтаи гузашта Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон имкони сохтмони роҳи оҳани навро, ки ин кишварҳоро бо Покистону Ҳиндустон мепайвандад, баррасӣ карданд.

Ин ҷо дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тургунди-Ҳирот-Қандаҳор-Спин Булдак, ки аз сарҳади ғарбии Туркманистон тариқи Афғонистон ба Покистон ва минбаъд ба Ҳиндустон мегузарад, сухан меравад.

Саҳми муштаракро дар амалисозии лоиҳаи мазкур роҳбари Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Мамметхан Чакиев пешниҳод кард.

Ба гуфтаи ӯ, Туркманистон аллакай бунёди маркази логистикиро дар Тургунди бо ҳамтоёни афғони худ мувофиқа карда, ояндаи наздик ният дорад, ки ба сохтмони он оғоз кунад.

Сохтмони иқтидорҳо барои қабулу нигоҳдорӣ ва боркунии зироати ғаладона, контейнер ва дигар борҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки баъди татбиқи лоиҳа маркази логистикӣ ба афзоши гардиши боркашонӣ аз ҷониби Тургунди такон мебахшад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.