Акнун муҳоҷирон барои надонистани забони русӣ ҳам метавонанд ихроҷ шаванд

Пешниҳод мешавад, ки агар сертификат (гувоҳнома)-и гирифтаи муҳоҷир дар бораи донистани забони русӣ ғайриҳаққонӣ эътироф гардад, ӯ аз ҳисоби худаш хориҷ карда шавад. Ин лоиҳаи қонунро намояндагони Ҳизби либералӣ-демократии Русия бо сарварии роҳбари ҳизб Леонид Слутский ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд. Дар ин бора "Российская газета" хабар медиҳад. Шарҳ дода мешавад, ки агар ин шахс […]

Asia-Plus

Пешниҳод мешавад, ки агар сертификат (гувоҳнома)-и гирифтаи муҳоҷир дар бораи донистани забони русӣ ғайриҳаққонӣ эътироф гардад, ӯ аз ҳисоби худаш хориҷ карда шавад. Ин лоиҳаи қонунро намояндагони Ҳизби либералӣ-демократии Русия бо сарварии роҳбари ҳизб Леонид Слутский ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд. Дар ин бора "Российская газета" хабар медиҳад.

Шарҳ дода мешавад, ки агар ин шахс барои баргаштан пул надошта бошад, ӯро аз ҳисоби намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулгарии кишваре, ки шаҳрвандии он давлатро дорад, ихроҷ мекунанд.

“Ба назди мо бояд танҳо мутахассисони зарурие оянд, ки забон ва таърихи кишварро омӯхтаанд, – изҳор доштааст Слутский. – Онҳое, ки бо роҳи фиреб омадаанд, мехоҳанд ба ҷинояткорӣ машғул шаванд ё ҳуҷҷатҳоро харидаанд, бояд фавран бе харҷ аз буҷети мо хориҷ карда шаванд".

Дигар вакили Думаи давлатӣ аз Ҳизби либералӣ-демократии Русия Владимир Сипягин низ ҳамин андешаро дорад.

"Ба назди мо бояд танҳо одамони омода ба ҳамгироӣ ба муҳити фарҳангӣ биёянд. Ва забон дар ин ҷо нақши калидӣ дорад. Ба мо мутахассисоне лозиманд, ки дар бозори меҳнат заруранд, аммо онҳо бояд арзишу анъана ва таърихи кишвари моро донанд ва омода бошанд, ки забони русиро омӯзанд.

Мо мебинем, ки фарзандони муҳоҷирон бе донистани забон ба мактаб мераванд, зеро волидони онҳо бо фиреб ба Русия омадаанд, фаъолияташон начандон мувофиқи қонун аст ё барои будубоши худ ҳуҷҷат харидаанд. Албатта, онҳоро бояд ихроҷ кард. Ин долон (канал)-и ғайриқонунии муҳоҷиратро бояд баст, аз ҷумла бо роҳи қонунӣ".

Дар ҳамин ҳол, вакили Думаи давлатӣ аз "Единая Россия" (Русияи воҳид) Джамаладин Гасанов ин пешниҳодро "ба таври кофӣ шадид" номид.

"Пешниҳодҳои ҳамкорон хеле сангин ба назар мерасанд. Имрӯз шаҳрванди хориҷӣ дар сурати риоя накардани қоидаҳои будубош дар Русия метавонад хориҷ карда шавад. Дар ин ҳолат ӯ вазифадор аст, ки дар давоми 15 рӯз пас аз огоҳӣ дар бораи бекор кардани иҷоза барои иқомати муваққатӣ (РВП) ё иҷозатномаи зист (ВНЖ) бо пули худ Русияро тарк кунад.

Доштани сертификати донистани забон шарти зарурӣ барои будубоши қонунӣ дар Русия ба сифати қувваи корӣ мебошад. Ахиран ҳолатҳои қалбакии супоридани имтиҳонҳо аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия бо мақсади доданми сертифкат ба муҳоҷирони корӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин маврид лозим аст, ки назорат маҳз аз болои он муассисаҳое, ки сертификатҳо медиҳанд, пурзӯр карда шавад, на ин ки муҳоҷиронро ихроҷ кунанд. Зеро чунин мешавад, ки муҳоҷирон дар ҳолати осебпазир қарор гирифта, наметавонанд ба ин таъсир расонанд, балки аз ҳама муҳимаш, барои кори беинсофонаи ин муассисаҳо масъул бошанд”.

Ёдрас мекунем, ки қаблан роҳбари Хадамоти федералии назорат дар соҳаи маориф ва илм (Рособрнадзор) Анзор Музаев гуфта буд, ки ба таҳсил дар мактабҳои Русия бояд хонандагонеро қабул кунанд, ки дониши зарурии забони русиро доранд.

"Дар ин масъала ман сахтгирам. Агар ту бо оилаат ба ин ҷо меоӣ ва мехоҳӣ шаҳрвандӣ бигирӣ ё муваққатан зиндагӣ кунӣ, агар мехоҳӣ, ки фарзандонат дар ин кишвар таҳсил кунанд, онҳо бояд сатҳи муайяни дониши забонро дошта бошанд", – гуфта буд Музаев дар мусоҳиба бо РБК.

Бино ба маълумоти Вазорати маорифи Русия ба ҳолати моҳи июни соли ҷорӣ, тақрибан 12% кӯдакони муҳоҷирон, ки ба мактабҳо ва кӯдакистонҳои Русия мераванд, умуман забони русиро балад нестанд ё хеле нокифоя онро медонанд.

Вазорати маориф ва илми Русия аввали моҳи июл хабар дод, ки фоизи муҳоҷироне, ки имтиҳони забони русиро насупоридаанд, аз январ то майи соли 2024 аз 3% то 30% афзудааст.

Дар моҳи апрели соли 2024 марказҳои кумак ба муҳоҷирон аз ҳуқуқи қабули имтиҳонҳо аз забони русӣ маҳрум шуданд. Пештар онҳо метавонистанд инро аз номи мактабҳои олии Русия анҷом диҳанд. Бо талаби Вазорати маориф ва илм, шартномаҳо бо онҳо қатъ карда шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.