Дар Москва ба муносибати рӯзи мавлуди Ибни Сино конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад

Дар Москва ба ифтихори рӯзи мавлуди мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино конфронси байналмилалӣ, баргузор мешавад, менависад Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия. Ба навишти манбаъ, конфронси мазкур рӯзи  20‑уми август дар шаҳри Москва барпо мешавад. Мавзӯи конфронс “Саҳми Ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб: осори илмӣ, таҷриба ва назария” будааст. Дар ҳамоиш олимон […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Москва ба ифтихори рӯзи мавлуди мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино конфронси байналмилалӣ, баргузор мешавад, менависад Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Ба навишти манбаъ, конфронси мазкур рӯзи  20‑уми август дар шаҳри Москва барпо мешавад. Мавзӯи конфронс “Саҳми Ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб: осори илмӣ, таҷриба ва назария” будааст.

Дар ҳамоиш олимон ва муҳаққиқон, коршиносон, алоқамандони осори Ибни Сино, ординаторон, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ, кормандони соҳаи тиб ва хабарнигорони васоити ахбори омма, иштирок менамоянд.

Ба иттилои манбаъ қарор аст дар ҳамоиш оид ба таҷрибаи амалии Ибни Сино дар илми тиб, андешаҳои фалсафавӣ ва педагогӣ, дидгоҳи гуманистии мутафаккир коршиносон ва муҳаққиқон суханронӣ намоянд.

Барои иштирок дар ҳамоиши мазкур, хоҳишмандон метавонанд тавассути линки зерин то санаи 15‑уми август соати 18:00 ба вақти Москва худро номнавис кунанд.

Абӯалӣ ибни Сино, 16‑уми августи соли 980, дар деҳаи Афшана наздики Бухоро ба дунё омадааст. Ӯро ҳамчун пизишк дар тамоми дунё мешиносанд ва аз осори ӯ дар соҳаи тиб истифода мекунанд. Ибни Сино ҳамчунин ахтаршинос, кимиёшинос, геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос, табииётшинос, шоир, равоншинос ва файласуфи тоҷик мебошад.

Абӯалӣ ибни Сино беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои “Ал-Шифо” ва “Қонун” ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон аст ва дар донишгоҳҳои Аврупо барои тадрис истифода мебаранд. Ӯро бо номи Авитсена дар тамоми ҷаҳон мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.