“Мушкили молӣ буд”. Раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, автобусҳо дубора ба кор оғоз карданд

Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд сабаби аслии аз кор бозмондани автобусҳо дар маркази маъмурии вилояти Суғдро ба мушкили молӣ рабт дод. Ӯ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки тӯли як моҳ 100 адад автобусҳои шаҳри Хуҷанд аз кор мондааст. “Мушкилро ҳал кардем ва аз тарафи молияи шаҳр барои ба кор баромадани автобусҳо маблағи лозима ҷудо шуд. Айни […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд сабаби аслии аз кор бозмондани автобусҳо дар маркази маъмурии вилояти Суғдро ба мушкили молӣ рабт дод.

Ӯ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки тӯли як моҳ 100 адад автобусҳои шаҳри Хуҷанд аз кор мондааст.

“Мушкилро ҳал кардем ва аз тарафи молияи шаҳр барои ба кор баромадани автобусҳо маблағи лозима ҷудо шуд. Айни ҳол 20 фисад автобусҳо ба кор оғоз кардаанд”, – афзуд Шарифзода.

Аммо ӯ нагуфт, ки сабаби пеш омадани мушкили молӣ чӣ аст ва онҳо чӣ гуна онро бартараф карданд.

Ҳамчунин, мушоҳидаи беш аз яксоатаи хабарнигори “Азия-Плюс” нишон дод, ки ҳоло ҳам дар роҳи кӯчаи марказӣ (Универмаг) то ҳудуди бозори Панҷшанбе ва Автовокзали кӯҳна ягон автобус ҳаракат надорад.

Гуфтан зарур аст, ки аввалин бор  тибқи лоиҳа соли 2018-ум 25 адад автобусҳо ба шаҳри Хуҷанд ворид гардид. Баъдан марҳила ба марҳила шумораи автобусҳо ба 100 адад расонида шуд.

Аммо аз соли 2018 то имрӯз дар нишастҳои матбуотӣ мушкили автобусҳои шаҳр, аз ҷумла кам будан, дер омадан ва набудани автобусҳо суолгузорӣ мешавад ва мақомот дар фаъолияти автобусҳо як меъёр муқаррар намекунанд.

Зимистони сипаришуда дар пайи афзоиши нархи сӯзишворӣ ҳаракати автобусҳои ҷамъиятӣ дар Хуҷанд тақрибан 20 рӯз қатъ гардид ва баъди “ёфт шудани сӯзишворӣ” дубора ба кор оғоз карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.