ЮНИСЕФ: Афзоиши гармо дар саросари Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳамасола боиси фавти қариб 400 кӯдак мегардад

Мувофиқи таҳлили нави маълумот аз 23 кишвар, ки имрӯз аз ҷониби ЮНИСЕФ нашр гардид, афзоиши ҳарорат дар саросари Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соли 2021 боиси марги тақрибан 377 кӯдак гардидааст. Дар гузориши таҳти унвони “Ғалаба бар гармо: саломатии кӯдакон ҳангоми мавҷҳои гармо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ“ оварда шудааст, ки нисфи ин кӯдакон дар […]

Варақаи иттилоотӣ

Мувофиқи таҳлили нави маълумот аз 23 кишвар, ки имрӯз аз ҷониби ЮНИСЕФ нашр гардид, афзоиши ҳарорат дар саросари Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соли 2021 боиси марги тақрибан 377 кӯдак гардидааст.

Дар гузориши таҳти унвони “Ғалаба бар гармо: саломатии кӯдакон ҳангоми мавҷҳои гармо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ оварда шудааст, ки нисфи ин кӯдакон дар натиҷаи бемориҳои марбут ба гармо дар соли аввали ҳаёт фавт кардаанд. Аксарияти кӯдакон дар моҳҳои тобистон фавтидаанд.  

“Қариб нисфи кӯдакон дар саросари Аврупо ва Осиёи Марказӣ, яъне 92 миллион кӯдак, аллакай дучори басомади баланди мавҷҳои гармо гардидаанд. Дар ин минтақа ҳарорати ҳаво аз ҳама зудтар дар саросари ҷаҳон рӯ ба афзоиш дорад. Болоравии рӯзафзуни ҳарорати ҳаво метавонад пайомадӣ ҷиддӣ барои саломатии кӯдакон, махсусан кӯдакони хурдсол дошта бошад. Ҳатто дар як муддати кӯтоҳ бидуни кӯмаки тиббӣ ин оризаҳо метавонанд ба ҳаёт таҳдид кунанд,” – тазаккур дод Регина Де Доминисис, Директори минтақавии ЮНИСЕФ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ.

Гармӣ ба кӯдакон ҳатто пеш аз таваллуд таъсири шадид мерасонад ва метавонад боиси таваллуди бармаҳал, камвазнӣ ҳангоми таваллуд, мурда таваллуд шудан ва нуқсонҳои модарзодӣ гардад. Стресс аз гармӣ сабаби мустақими фавти навзодон буда, метавонад ба инкишофи онҳо таъсир расонад ва боиси як қатор бемориҳои кӯдакон гардад. Инчунин, дар гузориш оварда шудааст, ки гармии шадид боиси аз даст рафтани зиёда аз 32,000 соли умри солим дар байни кӯдакон ва наврасони солими минтақа гардидааст.  

Бо идомаи болоравии ҳарорати ҳаво, ЮНИСЕФ ҳукуматҳои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказиро барои зерин даъват мекунад:   

1. Ҳамгироии стратегияҳо ҷиҳати коҳиш додани таъсири мавҷҳои гармо, аз ҷумла тавассути Саҳмҳои муайяншудаи миллӣ (NDC), Нақшаҳои миллии мутобиқшавӣ (NAP), сиёсатҳи бахшида ба идоракунӣ ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, бо диққати асосӣ ба кӯдакон дар ҳамаи нақшаҳо.

2. Сармоягузорӣ ба нақшаҳои амали зидди гармо ва кӯмаки аввалияи тиббӣ барои дастгирии муносибтар ба бемориҳои марбут ба гармо дар байни кӯдакон.

3. Сармоягузорӣ ба системҳои ҳушдори барвақтӣ, аз ҷумла системаҳои ҳушдор аз гармо

4. Мутобиқ кардани муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати коҳиш додани ҳарорати маконҳои бозии кӯдакон ва омӯзонидани малакаҳои вокуниш ба стресс аз гармӣ ба омӯзгорон.

5. Мутобиқ кардани тарҳрезии шаҳр ва инфрасохтор, аз ҷумла таъмини муҷаҳҳазгардонии биноҳо барои коҳиш додани гармӣ, махсусан биноҳое ки макони зисти нафарони аз ҳама осебпазир мебошанд.

6. Таъмини оби бехатар, махсусан дар шаҳрҳое ки сифат ва дастрасии об бадтар мешавад.

ЮНИСЕФ якҷоя бо ҳукуматҳо, шарикон ва ҷомеаҳо дар саросари минтақа ҷиҳати эҷоди тобоварӣ ба мавҷҳои гармо фаъолият мекунад. Ба ин дохил мешавад омӯзонидани дониш ва малакаҳои вокуниш ба мавҷҳои гармо ба омӯзгорон, кормандони тиббии маҳаллӣ, ва оилаҳо.

 

Маълумот чӣ гуна ҷамъоварӣ мешавад?

Тахминҳои минтақавӣ дар асоси таҳлили маълумоти «Глобалии сарбории бемориҳо дар соли 2021» таҳия гардидааст, ки маълумоти тозатарини “Institute of Health Metrics” мебошад. Тахминҳои таъсир ба саломатӣ барои пешбинии бемориҳо дар шахсони алоҳида набуда, балки ҳамчун арзёбии беғарази таъсир ба саломатии аҳолӣ пешбинӣ шудааст.

Ченаки “Солҳои умр бо ислоҳ аз рӯи маъюбият (DALYs) таъсири умумии бемориҳо ва ҷароҳатҳоро ба ҳаёти одамон чен мекунад. Ин абзорест, ки барои дарки андозаи таъсири мушкилоти гуногун ба саломатӣ кӯмак мерасонад. Инчунин, барои тасаввуроти беҳтар пайдо кардан дар бораи таъсири бемориҳо ва ҷароҳатҳо ба ҷомеаҳо муфид мебошад.

ЮНИСЕФ дар бархе аз душвортарин мавзеъҳои ҷаҳон барои дастрасӣ ба кӯдакони аз ҳама маҳрумтарини ҷаҳон фаъолият мекунад. Дар беш аз 190 кишвар ва қаламрав, мо барои ҳар як кӯдак ва дар ҳама ҷо фаъолият мекунем, то ин ки ҷаҳони беҳтареро барои ҳамагон эҷод намоем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио