Додситонии Кӯлоб нисбати кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ 3 парвандаи ҷиноятӣ боз намуд

Дар зарфи 6 моҳи соли 2024 додситонӣ (прокуратура)-и гарнизони Кӯлоб мутобиқи моддаи 391, қ. 1 Кодекси ҷиноии ҶТ (Суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимият) нисбати кормандони комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои ин минтақа 3 парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ додситон (прокурор)-и гарнизони ҳарбии […]

Билоли Шамс, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли 2024 додситонӣ (прокуратура)-и гарнизони Кӯлоб мутобиқи моддаи 391, қ. 1 Кодекси ҷиноии ҶТ (Суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимият) нисбати кормандони комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои ин минтақа 3 парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ додситон (прокурор)-и гарнизони ҳарбии шаҳри Кӯлоб Фирӯз Раҷабзода хабар дод.

Аз ҷумла, парвандаҳо нисбати прапоршики комисарриати ҳарбии ноҳияи Данғара Фирӯз Яқубов, сардори шуъбаи сеюми комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик капитан Аҳлиддин Асомаддинов ва сардори шуъбаи чоруми комисариати ҳарбии ноҳияи Восеъ майор С.Давлатов боз шудаанд.

Дар ин модда ҷарима дар ҳаҷми аз 250 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шудааст.

Дар робита ба қазияи Зоҳир Муминзода, собиқ раиси додгоҳ (суд)-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин додситони гарнизон изҳор дошт, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва маводи зарурӣ ба Додситонии кулл (Прокуратураи генералӣ) фиристода шуданд.

“Ин парвандаро мо наметавонем баррасӣ кунем, он ба салоҳияти Додситонии кулли ҷумҳурӣ дохил мешавад”, – илова кард ӯ.

Муовини додситони вилояти Хатлон, додситони минтақаи Кӯлоб Ҳамзаалӣ Музофирзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар зарфи ним сол нисбати шахсони мансабдор 7 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

“Миёни онҳо парвандаҳо нисбати Дӯстӣ Хӯҷамадзода, раиси ҷамоати Гулшан ва Сафар Алиев, раиси ҷамоати Деҳқонободи ноҳияи Фархор ҳастанд, ки бо моддаи 247 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) айбдор карда мешаванд. Баррасии ин парвандаҳо ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба баррасии додгоҳ дода мешаванд”, – гуфт ӯ.

Ҳамчунин, ба қавли ӯ, нисбат ба меъмори ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ ва боз 4 мансабдори дигари шаҳру навоҳии минтақа парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст. Аммо дар бораи бо кадом моддаҳо айбдор шудани онҳо Музофирзода маълумот надод.

Зикр шуд, ки дар нимсолаи аввал дар додситонҳои минтақа ва шаҳру навоҳии Кӯлоб ба сурати умум 18 парвандаи ҷиноятӣ оғз гардидааст, ки 4-тоашон ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ марбутанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.