“Ҷавонҳои моро ғофилгир карданд”. Муфтии Тоҷикистон гуфт, ҳамла ба “Крокус” бо номи Ислом сурат нагирифтааст

Муттаҳамони ҳамла ба “Крокус”-и Маскав аз дин огоҳии хуб надоштанд, намоз намехонданд ва ин ҳамларо аз номи Ислом анҷом надоданд. Ин нуктаро Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотие, ки имрӯз, 30-юми июл, баргузор шуд, баён намуд. Ӯ гуфт,  чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми анҷоми ин ҳамла боздошт шуданд, “фирефтаи гурӯҳҳои ферибанда […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Муттаҳамони ҳамла ба “Крокус”-и Маскав аз дин огоҳии хуб надоштанд, намоз намехонданд ва ин ҳамларо аз номи Ислом анҷом надоданд.

Ин нуктаро Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотие, ки имрӯз, 30-юми июл, баргузор шуд, баён намуд.

Ӯ гуфт,  чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми анҷоми ин ҳамла боздошт шуданд, “фирефтаи гурӯҳҳои ферибанда шуданд, ки гӯё як миқдор маблағе ба даст меоваранд”.

“Онҳо мумкин дарак ҳам надоштанд, ки ин “ташаббусашон” бо чӣ хотима меёбад. Аслан ҷавонҳои моро (гурӯҳҳои ферибанда) ғофилгир карданд”, – таъкид намуд Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ки низ дар ин нишасти матбуотӣ ҳузур дошт, зикр намуд, ки “бо ҳамтоёни руси худ дар тамос ва ҳамкорӣ ҳаст”.

“Аммо тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло ҳам ин раванд (ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, – АП) вуҷуд дорад. Чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирон дар Русия борҳо гузаронида шудааст ва аз ин ба баъд кӯшиш мекунем, ки ин чорабиниҳоро бештар барпо кунем”, – зикр намуд Сулаймон Давлатзода.

Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори консерти “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари ин амали террористӣ 146 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд.

Як рӯз баъд мақомоти Русия аз боздошти гумонбарони ҳамла хабар дода, навори боздоштро нашр карданд. Ниҳодҳои Русия эълон карданд, ки чор гумонбари аслии ҳамла шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва додгоҳ қарори ҳабси пешакии ҳамаи онҳоро содир кард.

Бояд гуфт, дар навори нашркардаи мақомоти Русия дида мешуд, ки гумонбарони ҳамла дар шароити мармуз ва зери шиканҷаи шадид ба додгоҳ ҳозир шуданд. То ҳол онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, иттиҳоми нисбати онҳо эълонгардида расман собит нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.