Қатъи фаъолияти беш аз 50 созмони ҷамъиятӣ

Давоми шаш моҳи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон фаъолияти 53 созмони ҷамъиятӣ қатъ гардидааст. Аз ин теъдод, 50 созмони ҷамъиятӣ бо ихтиёри худ фаъолиятро қатъ карда, 3 ташкилот бо пешниҳоди Вазорати адлия ва аз ҷониби додгоҳ аз ҳақи фаъолият маҳрум шудаанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб камтар будааст. Илҳом Маҳмудзода, […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Давоми шаш моҳи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон фаъолияти 53 созмони ҷамъиятӣ қатъ гардидааст. Аз ин теъдод, 50 созмони ҷамъиятӣ бо ихтиёри худ фаъолиятро қатъ карда, 3 ташкилот бо пешниҳоди Вазорати адлия ва аз ҷониби додгоҳ аз ҳақи фаъолият маҳрум шудаанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб камтар будааст.

Илҳом Маҳмудзода, сардори раёсати бақайдгирии ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлия бо пешниҳоди ин иттилоъ гуфт, ташкилотҳои ҷамъиятии “Имкониятҳои баробар”, “Парвин” ва “Нури умеди Истаравшан” бинобар роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ бо пешниҳоди вазорат ва аз ҷониби додгоҳ аз ҳақи фаъолият маҳрум карда шуданд.

Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлия илова кард, ки яке аз камбудиҳои ҷиддие, ки ин созмонҳо роҳ додаанд, ин баромадан аз ҳадди муқаррароти оинномавӣ мебошад.

“Вақте мо ба онҳо огоҳиҳои хаттӣ додем, онҳо қонуншиканиҳои ҷойдоштаро ислоҳ накарданд. Барои ҳамин мо тибқи талаботи қонунгузорӣ ба судҳои маҳалле, ки он созмонҳои ҷамъиятӣ вуҷуд доранд, муроҷиат кардем ва тибқи ҳалномаи судҳо онҳо барҳам дода шуданд”, – изҳор дошт Ҳакимзода.

Ба қавли Илҳом Маҳмудзода, 50 созмони дигар бо ихтиёри худ ва “бинобар надоштани грант, фаъолият надоштан ва дигар камбудиҳои худи созмонҳо” қорро қатъ кардаанд.

Омори қатъи фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб камтар будааст. Дар ҳамин давраи соли 2023 дар Тоҷикистон фаъолияти 224 иттиҳодияи ҷамъиятӣ қатъ гардида буд.

Дар ҳамин ҳол, дар шаш моҳи аввали соли 2024 Вазорати адлия 48 иттиҳодияи ҷамъиятии навро ба қайд гирифтааст.

Дар умум, бино ба иттилоъи Вазорати адлия, айни ҳол дар кишвар беш 2000 созмони ҷамъиятӣ фаъолият доранд.

Дар мавриди қатъи фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва хатари он тавассути ин пайванд бештар мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.