“Андозсупорандагони бемасъулият!” Киҳо ба ин рӯйхат шомилу аз он хориҷ мешаванд?

Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 феҳристи “Андозсупорандагони бемасъулият”-и Кумитаи андоз беш аз 1 ҳазор субъекти хоҷагидориро фаро гирифтааст. Ба ин рӯйхат ширкатҳои нав метавонанд шомил шаванд ё субъектҳои дар рӯйхатбуда дар ҳолати ислоҳи камбудӣ аз он хориҷ гарданд. Нусратулло Давлатзода раиси Кумитаи андоз зимни нишасти хабарӣ рӯзи 8‑уми август гуфт, ки 1009 корхона дар […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 феҳристи “Андозсупорандагони бемасъулият”-и Кумитаи андоз беш аз 1 ҳазор субъекти хоҷагидориро фаро гирифтааст. Ба ин рӯйхат ширкатҳои нав метавонанд шомил шаванд ё субъектҳои дар рӯйхатбуда дар ҳолати ислоҳи камбудӣ аз он хориҷ гарданд.

Нусратулло Давлатзода раиси Кумитаи андоз зимни нишасти хабарӣ рӯзи 8‑уми август гуфт, ки 1009 корхона дар рӯйхати “Андозсупорандагони бемасъулият” ворид карда шудаанд ва ин омор рӯз ба рӯз тағйир меёбад.

“Ин рӯйхат мунтазам иваз мешавад. Агар дар мӯҳлати зиёда аз се моҳ дидаву дониста соҳибкорон андозро пардохт накунанд ба рӯйхати “Андозсупорандагони бемасъулият” дохил карда мешаванд. Баъдан тавзеҳот, сабабу омилҳои напардохтани андозро пешниҳод мекунанд. Камбудиҳо ислоҳ шаванд аз ин рӯйхат мебарорем ва фаъолияташонро идома медиҳанд”, ‑ гуфт Нусраттуло Давлатзода.

Ӯ афзуд, ки роҳандозии феҳристи “Андозсупорандагони бемасъулият” барои ислоҳи камбудиҳо ва баланд бардоштани маърифати андозсупорандагон таъсир мерасонад.

Ба иттилои Кумитаи андоз, айни ҳол дар феҳристи “Андозсупорандагони бемасъулият” ширкатҳое мисли ҶСК “Корхонаи Таъминоти Газ” (Тоҷикгаз), ҶДММ “Ширкати Тоҷикистону Хитой рушди энергетика” ширкати “Кӯлоб Петролиум Лимитед”, ҶСК “Олим Текстил”, ҶДММ “Авесто 2020”, ҶДММ “Гидроэнергострой шомил шудаанд.

 

Дар кадом ҳолат метавонанд ширкатро ба феҳристи “Андозсупорандагони бемасъулият” ворид кунанд?

Ҳоким Ҳокимзода, сардори Раёсати маъмурикунонии андози Кумита тартиби шомил кардан ба феҳристи “Андозсупорандагони бемасъулият”-ро шарҳ дода, гуфт, ки ин равандро муқаррароти қисми 5‑уми моддаи 34‑и Кодекси андоз мушаххас кардааст.

“Давра ба давра пешниҳод нагардидани ҳисоботи андоз, напардохтани маблағи андоз, бе анҷом додани амалиёт, ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашударо пешниҳод намояд ва дигар муқарраротро риоя накунад ширкат ба рӯйхати “Андозсупорандаи бемасъулият” дохил карда мешавад”, ‑ гуфт Ҳоким Ҳокимзода.

Дар ҳамин ҳол, Нусраттуло Давлатзода зикр кард, ки сабаби насупоридани андоз аз ҷониби соҳибкорон ба гаронии андоз рабт надорад, балки теъдоде аз “андозсупорандагон бемасъулият шудаанд”.

“Гаронии андоз сол ба сол кам шуда истодааст. Омилҳои напардохтани андоз бисёр аст, аз ҷумла дидаву дониста андозро пардохт намекунанд, маблағ надоранд ва ё қарзашон дар ҳаҷми калон аст. Баъзеҳо интизор меистанд, то лаҳзае, ки кормандони Кумитаи андоз ҷораҷӯӣ кунанд”, – гуфт Нусратулло Давлатзода.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.