Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардани 650 млн доллар ба сохтмони НБО “Роғун”-ро баррасӣ мекунад

Бонки ҷаҳонӣ масъалаи маблағгузорӣ ба сохтмони Неругоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун”-ро моҳи сентябр баррасӣ мекунад. Дар ин бора имрӯз, 9 август муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ хабар дод. “Дар ин масъала мо бо Бонки ҷаҳонӣ ҳамкории зичи мутақобила дорем, дар ҳаимн ҳол, бонк натанҳо дар маблағгузорӣ саҳм мегузорад, балки дар ҳамкорӣ бо дигар мададрасонон […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Бонки ҷаҳонӣ масъалаи маблағгузорӣ ба сохтмони Неругоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун”-ро моҳи сентябр баррасӣ мекунад. Дар ин бора имрӯз, 9 август муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ хабар дод.

“Дар ин масъала мо бо Бонки ҷаҳонӣ ҳамкории зичи мутақобила дорем, дар ҳаимн ҳол, бонк натанҳо дар маблағгузорӣ саҳм мегузорад, балки дар ҳамкорӣ бо дигар мададрасонон нақши муҳим мебозад. Аз рӯи модели аз ҷониби коршиносон ба мо пешниҳодшуда, ин ҷо дар бораи 6,2 млрд доллар сухан рафта, қисмати мутааллиқ ба Бонки ҷаҳонӣ ҳудуди 650 млн долларро ташкил медиҳад”, – иброз дошт Маҷидӣ.

Зикр шуд, ки барои сохтмони неругоҳи “Роғун” аллакай 250 млн доллар қарзҳои имтиёзнок ҷудо шуда, кор дар самти ҷалби сармоягузориҳо идома дорад.

Юсуф Маҷидӣ изҳор намуд, ки шурӯъ аз соли 2025 бунёди неругоҳ бештар аз ҳисоби сармоягузориҳо маблағгузорӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки сармоягузорони аввали сохтмони неругоҳи “Роғун” Бонки исломии рушд” (150 млн доллар) ва Фондҳои рушди арабӣ (400 млн доллар) шуданд, ки аллакай маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳро маъқул шумориданд. Ҳамчунин, тибқи маълумоти Вазорати молия, дар бораи ҷалби қарзи имтиёзнок аз Бонки осиёии сармоягузориҳои зерсохторӣ (Чин) ба маблағи 500 млн доллар тавофуқ ҳосил шудааст.

Ба сафи сармоягузорони имконпазири сохтмони неругоҳи “Роғун” Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки осиёии рушд, Бони авруосиёии рушд ва ғайра шомиланд. Барои амалисозии пурраи лоиҳа 6,2 млрд маблағ лозим аст.

Қаблан вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа хабар дод, ки “аксарияти манбаъҳои маблағгузорӣ аллакай муайян шуда, ҳамаи шариконии рушди муқими Тоҷикистон ба ин лоиҳа пайваст шудаанд ва ҳар кадоме аз онҳо расмиёти мувофиқасозии худро дорад”.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, ҳукумати кишвар дар сооли 2024 ба сохтмони неругоҳ равона кардани 5 млрд сомонӣ (456 млн доллар)-ро ба нақша гирифтааст, ки 2,2 млрд доллари он аз ҳисоби ҷалби маблағгузории беруна ва қисмати боқимонда – аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ мебошад.

Мувофиқи маълумоти Вазорати энергетика, ба идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” ҳамасола 1 млрд доллар равона кардан лозим буда, барои пурра амалисозии лоиҳа ба сурати умум 6,2 млрд доллар маблағ зарур аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.