Фасодзадатарин мактабҳои олии Тоҷикистон номбар шуданд

Дар мактабҳои олии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 42 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шуда, дар робита ба онҳо 12 нафар боздошт шудаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи ҷумҳурӣ хабар доданд. Вобаста ба ин далелҳо бо моддаҳои 247 (Қаллобӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар мактабҳои олии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 42 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шуда, дар робита ба онҳо 12 нафар боздошт шудаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Вобаста ба ин далелҳо бо моддаҳои 247 (Қаллобӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва ба баррасии додгоҳ фиристода шудаанд.

Дар Агентӣ рӯйхати муассисаҳои таълимӣ бо ишораи шумори ҷиноятҳо ва теъдоди боздоштшудагонро пешниҳод намуданд:

– Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – 30 ҷиноят, 2 боздоштшуда;

– Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – 3 ҷиноят, 3 боздоштшуда;

– Донишгоҳи давлатии Данғара – 3 ҷиноят, 2 боздоштшуда;

– Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд – ҷиноят, 1 боздоштшуда.

Боз дар чор мактаби олӣ – Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Панҷакент ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳар кадоме як ҷиноят ошкор шуда, 1-нафарӣ боздошт шудаанд.

Қаблан Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ фасодзадатарин соҳаҳо дар нимсолаи аввалро номбар кард. Соҳаи маориф ва илм бо сабти даҳҳо ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодӣ дар зинаи дуюм қарор гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.