Додгоҳ муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари дигари ҳамла ба “Крокус”-ро дароз кард

Додгоҳи Басманнийи Маскав муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари дигари ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳол”-и Маскавро дубора барои 3 моҳ – то 22-юми ноябри соли равон дароз кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии додгоҳҳои салоҳияти қазоии умумидоштаи шаҳри Маскав хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, мувофиқи қарори додгоҳ, чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон: Лутфуллои Назримад; Ҷумъахон Қурбонов; Яъқубҷон […]

Додгоҳи Басманнийи Маскав муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари дигари ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳол”-и Маскавро дубора барои 3 моҳ – то 22-юми ноябри соли равон дароз кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии додгоҳҳои салоҳияти қазоии умумидоштаи шаҳри Маскав хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи қарори додгоҳ, чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон:

Лутфуллои Назримад;

Ҷумъахон Қурбонов;

Яъқубҷон Юсуфзода;

Муҳаммад Шарифзода

то 22-юми ноябри соли 2024 дар ҳабси пешакӣ хоҳанд монд.

Ҳамаи онҳо дар содир намудани ҳамлаи террористӣ ё мутобиқи моддаи 205, қ.3, б.”б”-и Кодекси ҷиноятии Русия айбдор мешаванд.

“Додгоҳ дархости мақомоти тафтишотиро қонеъ карда, нисбати Лутфуллои Назримада, Қурбонов Ҷумъахон Бегидҷонович, Юсуфзод Ёқубҷони Давлатхон, Шарифзода Муҳаммадзоир чораи пешгириро дар намуди ҳабс ба муҳлати 3 моҳ ва дар маҷмӯъ то 7 моҳу 22 шабонурӯз, то 22 ноябри соли 2024т тамдид кард”, -омадааст дар қарори додгоҳ.

Сабаби тамдиди муҳлати ҳабси пешакии онҳо шарҳ дода нашудааст.

Маъмулан, муҳлати ҳабси пешакӣ замоне тамдид мешавад, ки тафтишот барои исботи гуноҳи гумонбаршуда, далели кофӣ дар даст надорад.  

Бо қарори ҳамин додгоҳ онҳо то 22-юми август бояд дар ҳабси пешакӣ қарор мегирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ин бори дуввум аст, ки додгоҳи Басманнийи Маскав ҳукми онҳоро тамдид мекунад. Рӯзи 17-уми майи соли равон додгоҳ муҳлати ҳабси онҳоро, барои 3 моҳ то 22-юми август дароз карда буд.

16-уми август Додгоҳи Басманнийи Маскав дар як мурофиаи пӯшида муҳлати ҳабси пешакии чаҳор гумонбари аслии ин ҳамлаи террористиро дубора барои 3 моҳ, яъне то 22-юми ноябри соли 2024 тамдид карда буд.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи қарори додгоҳ Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Шамсиддини Фаридун то 22-уми ноябри соли 2024 дар ҳабси пешакӣ боқӣ мемонанд.

Мувофиқи ҳуҷҷатҳои судӣ вобаста ба ин ҳодиса 18 нафар дар боздошт қарор доранд.

Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани гумонбарони аслии ин ҳодиса, шаҳрвандони Тоҷикистон Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсидинро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод каранд. Ҳамаи онҳо дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир  ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки дар пайи он сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари ин амали террористӣ 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд.

Масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ" – Вилояти Хуросон ба уҳда гирифт.

Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.