Пагоҳ ба Душанбе Қосимҷомарт Токаев меояд. Кадом роҳҳои пойтахт ва барои чанд муддат баста мешаванд?

Рӯзи 22 ва 23 август дар баъзе аз кӯчаҳо ва хиёбонҳои шаҳри Душанбе роҳҳо баста мешаванд. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Тибқи иттилоъи манбаъ, рӯзи 22-юми август аз соати 09:00 то соати 14:00 ҳаракати ҳама намуди нақлиёт тавассуи кӯчаҳои Мастонгулов (Фурудгоҳ), А.Дониш, С.Айнӣ (Садбарг), хиёбони Рӯдакӣ ва Сомонӣ […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Рӯзи 22 ва 23 август дар баъзе аз кӯчаҳо ва хиёбонҳои шаҳри Душанбе роҳҳо баста мешаванд. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Тибқи иттилоъи манбаъ, рӯзи 22-юми август аз соати 09:00 то соати 14:00 ҳаракати ҳама намуди нақлиёт тавассуи кӯчаҳои Мастонгулов (Фурудгоҳ), А.Дониш, С.Айнӣ (Садбарг), хиёбони Рӯдакӣ ва Сомонӣ маҳдуд мешавад.

Ҳамчунин, рӯзи 23-юми ҳамин моҳ низ аз соати 11:30 то соати 14:00 роҳҳҳо тавассути хиёбони Рӯдакӣ, Сомонӣ, кӯчаҳои Сино, С.Айнӣ (Садбарг) А.Дониш ва Мастонгулов (Фурудгоҳ) барои воситаҳои нақлиёт баста мешаванд.  

Аз ҳамин сабаб, РВКД дар Душанбе аз ронандагон хостааст, ки таваққуфи нодуруст дар кӯчаҳои мазкур худдорӣ карда, тавассути роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳампаҳлу ҳаракат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки пагоҳ, 22-юми август, Қосимҷомарт Токаев, президенти Қазоқистон бо сафари давлатии дурӯза ба Тоҷикистон меояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.