Беш аз 2 миллион камбизоат. Мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон чӣ тавр поин омад?

Ҳоло дар Тоҷикистон 21,2 дарсади аҳолӣ ё атрофи 2 миллион нафар камбизоат будаанд. Аммо тамоюли камшавии мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Дар ин бора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод. Ӯ гуфт, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 80 дарсади солҳои 90-ум то 21,2 дарсад дар соли 2023 коҳиш ёфтааст. […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ҳоло дар Тоҷикистон 21,2 дарсади аҳолӣ ё атрофи 2 миллион нафар камбизоат будаанд. Аммо тамоюли камшавии мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Дар ин бора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 80 дарсади солҳои 90-ум то 21,2 дарсад дар соли 2023 коҳиш ёфтааст.

Танҳо дар даҳ соли охир (солҳои 2014-2023) мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон бештар аз 10 банди фоизӣ, яъне аз 32 дарсад то ба 21,2 дарсад коҳиш ёфтааст.

Мувоффиқи таҳлилҳои Агентии омор сатҳи камбизоатӣ дар байни минтақаҳои кишвар нисбати шаҳр дар деҳот бештар аст. Тибқи таҳлили охирине, ки Агентии омор дар соли 2019  анҷом додааст, мизони камбизоатӣ дар шаҳр 18,4 дарсад ва дар деҳот 30,1 дарсадро ташкил медиҳад.

Мизони коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон давоми даҳсолаи охир.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.