Дастаҳои футболи Тоҷикистон ва ҷаҳон чӣ қадар нарх доранд?

Портали Transfermarkt рӯйхати гаронтарин дастаҳои футболи ҷаҳонро нашр кард. Ба дастаҳо аз лиҳози зерсохтор, ҳайат ва вазъи тиҷоратӣ дар бозори варзиш баҳо дода шудааст. Дар зина аввал “Реал”-и Мадрид қарор дорад, ки ба назари коршиносон, арзиши он 1,35 млрд евроро ташкил медиҳад. Дар зинаи дуюм “Манчестер Сити” бо арзиши 1,32 млрд евро ва дар мақоми […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Портали Transfermarkt рӯйхати гаронтарин дастаҳои футболи ҷаҳонро нашр кард. Ба дастаҳо аз лиҳози зерсохтор, ҳайат ва вазъи тиҷоратӣ дар бозори варзиш баҳо дода шудааст.

Дар зина аввал “Реал”-и Мадрид қарор дорад, ки ба назари коршиносон, арзиши он 1,35 млрд евроро ташкил медиҳад.

Дар зинаи дуюм “Манчестер Сити” бо арзиши 1,32 млрд евро ва дар мақоми сеюм “Арсенал” бо арзиши 1,17 млрд евро ҷой гирифтаанд.

Лигаи олии Тоҷикистон ба сурати умум арзон шудааст. Акнун арзиши он 10,68 млн евро (қаблан – 18,38 млн) мебошад. Ин арзиши умумии дастаҳо бидуни “Кӯктош” ва “Панҷшер”мебошад, ки Transfermarkt ба онҳо ҳоло ҳеҷ баҳогузорие накрдааст.

Имрӯз гаронтарин дастаи Тоҷикистон “Истиқлол” боқӣ мемонад, ки нархаш 6,13 млн евро (қаблан – 4,40 млн) муайян шудааст. Дар зинаи дуюм “Равшан” бо арзиши 1,48 млн евро (қаблан 775 ҳазор евро) ва дар мақоми сеюм “Вахш” бо нархи 775 ҳазор евро (қаблан – 1,25 млн евро) қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар зинаҳои баъдӣ чунин аст: 4. КМВА (ЦСКА) ва “Ҳосилот – ҳар кадоме 425 ҳазор евро ( қаблан мутаносибан 1,53 ва 169 млн евро); 5. “Хуҷанд” – 400 ҳазор евро (қблан – 2,63 млн евро); 6. “Барқчӣ” – 375 ҳазор евро (қаблан нархгузорӣ нашуда буд); 7. “Эсхата” – 325 ҳазор евро (қаблан 1,25 млн евро); 8. “Регар-ТадАЗ” – 200 ҳазор евро (қаблан – 2,40 млн( ва 9. “Истаравшан” – 150 ҳазор евро.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио