Мусодираи миқдори зиёди пулҳои қалбакии сомонӣ дар Душанбе

Кормандони шуъбаи милитсияи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе миқдори зиёди асъори қалбакиро мусодира намуданд: 70 адад купюраҳои 500 сомона, 46 адад купюраҳои 200 сомона ва 9 адад 5-ҳазораи рубли Русия. Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, пулҳои қалбакӣ аз сокини 27-солаи шаҳри Душанбе Додихудо Саъдиев мусодира шуда, ӯ ба гумони даст доштан дар […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Кормандони шуъбаи милитсияи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе миқдори зиёди асъори қалбакиро мусодира намуданд: 70 адад купюраҳои 500 сомона, 46 адад купюраҳои 200 сомона ва 9 адад 5-ҳазораи рубли Русия.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, пулҳои қалбакӣ аз сокини 27-солаи шаҳри Душанбе Додихудо Саъдиев мусодира шуда, ӯ ба гумони даст доштан дар паҳнкунии асъори сохта боздошт шудааст.

Пулҳои қалбакӣ аз дигар кишварҳо ворид карда шудаанд, лекин дар бораи маҳз аз кадом кишварҳои овардани он маълумот дода намешавад.

Ҳодисаи дарёфт ва мусодира шудани пулҳои қалбакӣ бори аввал нест. Моҳи июл кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе Тоиршоҳ Катамардовро ба гумони даст доштан ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои қалбакии доллар боздошт намуданд.

Ҳамзамон кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Ибодулло Саидовро ба гумони даст доштан дар тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пули қалбакии сомонӣ боздошт карданд.

Қаблан моҳи июн як қатор расонаҳо бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи пайдо шудани пулҳои қалбакии сомонӣ дар муомилот хабар доданд Гӯё ба бонкҳои ваколатдор чунин мактуб фиристода шудааст. Лекин баъдан БМТ ин маълумотро рад кард.

Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, аз оғози сол дар кишвар ягон ҳолати дар муомилот пайдо шудани сомониҳои қалбакӣ ошкор нашудааст. Хадамоти матбуоти БМТ зикр карда буд, ки дар доираи тадбирҳои пешгирӣ ва иҷрои нақшаи корӣ бо мақсади беҳбуди ҳушёриву эҳтиёткорӣ зимни баргузории амалиёт бо пул, мактуб ба ниҳодҳои молиявӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва нуқтаҳои мубодилаи асъор фирстода шудааст.

Ба ҳар ҳол, Бонки миллӣ аз аҳолӣ ва ташкилотҳои молиявӣ даъват кард, ки ҷиҳати пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунӣ ҳушёр ва омода бошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.