Таҳрими Русия алайҳи Оқохон ва чор намояндаи бунёди ӯ

Вазорати корҳои хориҷии Русия бар зидди Шоҳзода Карим Оқохон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон ва роҳбари “Бунёди Оқохон”, инчунин, чор намояндаи дигари ин созмон таҳрим ҷорӣ кардааст. Баёния дар бораи таҳрими шахсӣ рӯзи 19-уми август дар сомонаи расмии ВКХ Русия нашр шуд. Тавре дар изҳорот зикр мешавад, чор намояндаи дигари “Бунёди Оқохон”  Кристофер Эндрю, Мэтт Рид, Ализа Митҳа […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Русия бар зидди Шоҳзода Карим Оқохон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон ва роҳбари “Бунёди Оқохон”, инчунин, чор намояндаи дигари ин созмон таҳрим ҷорӣ кардааст. Баёния дар бораи таҳрими шахсӣ рӯзи 19-уми август дар сомонаи расмии ВКХ Русия нашр шуд.

Тавре дар изҳорот зикр мешавад, чор намояндаи дигари “Бунёди Оқохон”  Кристофер Эндрю, Мэтт Рид, Ализа Митҳа ва Николас Макграт низ дар ин рӯйхат қарор доранд.

Дар асоси таҳрим кормандони “Бунёди Оқохон”, аз ҷумла худи Оқохон аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шуданд.

Бояд гуфт, ки “Бунёди Оқохон” дар Русия ба фаъолияти хайриявӣ машғул буд ва қаблан соли 2002 Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар вохӯрӣ бо Шоҳзода Карим Оқохон аз фаъолияти башардӯстонаи ӯ тавсиф карда буд.

То ҳол Карим Оқохон ва намояндагони созмони зери раҳбарии ӯ ба қарори ҳукумати Русия вокуниш накардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия дар умум бар зидди 32 корманди марказҳои таҳлилӣ ва оҷонсиҳои машваратии Британияи Кабир ба далели “паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ”, “беобрӯ кардани Русия” ва “доштани хатти душманона нисбати Русия” таҳрим ҷорӣ кардааст.

ВКХ Русия гуфтааст, ки Русяи чун иқдоми ҷавобӣ ба Лондон бар зидди  созмонҳои таҳлилию сохторҳои давлатии Британия таҳрим ҷорӣ мекунад.

Дар миёни созмонҳои дигари таҳримшудаи бритониёӣ кормандони созмонҳое мисли “Сhatham House”, "Privacy International", "Peace Child International", "Media Diversity Institute", “Open Knowledge Foundation” ва ғайра ҳам ҳастанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.