Мусодираи пулҳои 100-долларии қалбакӣ дар Душанбе

Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе Тоиршоҳ Катамардовро ба гумони даст доштан ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои қалбакии доллар боздошт намуданд. Дар ин бора Раёсати ВКД- и пойтахт хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, гумонбаршаванда бар ивази маблағи қарз ба як нафар ҷавони сокини пойтахт 11-адад купюраи 100-доллараи қалбакӣ пардохт намуда, ӯро фиреб кардааст. “Дар натиҷаи пешбурди […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе Тоиршоҳ Катамардовро ба гумони даст доштан ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои қалбакии доллар боздошт намуданд. Дар ин бора Раёсати ВКД- и пойтахт хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, гумонбаршаванда бар ивази маблағи қарз ба як нафар ҷавони сокини пойтахт 11-адад купюраи 100-доллараи қалбакӣ пардохт намуда, ӯро фиреб кардааст.

“Дар натиҷаи пешбурди тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки номбурда асъори қалбакии доллари амрикоиро тавассути як нафар ҳаммаслакаш аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид намуда, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт онро ба муомилот баровардааст, – омадааст дар хабари Раёсат. – Ҳамзамон зимни кофтуков аз ҷайби номбурда 21-адад купюраҳои 100-доллараи қалбакӣ дарёфту мусодира карда шуданд”.

Аз дигар ҷузъиёти ин масъала хабар дода намешавад.

Айни замон Катамардов дар ҳабс қарор дошта, нисбати ӯ аз рӯи моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Тайёр кардан ё ба муомилот  баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбаки (сохта) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар ин модда ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол бо мусодираи молу мулк пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе шаҳрванди Ибодулло Саидовро ба гумони даст доштан дар тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пули қалбакии сомонӣ боздошт карданд.

“Номбурда қаблан 3-маротиба суд шуда, беш аз 25-соли умри худро дар маҳбас сипарӣ карда бошад ҳам вале ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, ба чунин ҷинояти махсусан вазнин даст задааст”, – омадааст дар хабар.

Бино ба маълумоти мақомоти милитсия, ӯ муддати ду моҳ пулҳои қалбакӣ, асосан бо арзиши 50 сомонӣ тайёр мекардааст.

Нисбат ба Саидов низ мутобиқаи моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Дар сурати такроран содир шудани ин ҷиноят шаҳрванд бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио