Аз Хайрандешу Мирзо Шукурзода то Рустами Ваҳҳобу Равшани Махсумзод. Киҳо унвони шоиру нависандаи халқӣ ва ҷоизаи Рудакӣ гирифтанд?

Имрӯз, 29-уми август, Эмомалӣ Раҳмон ба се шоир унвони Шоири халқии Тоҷикистон ба як нависанда унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва ба як ҳунарпеша унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дод. Хадамоти матбуотии президент менависад, ки раисҷумҳур ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии […]

Asia-Plus

Имрӯз, 29-уми август, Эмомалӣ Раҳмон ба се шоир унвони Шоири халқии Тоҷикистон ба як нависанда унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва ба як ҳунарпеша унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дод.

Хадамоти матбуотии президент менависад, ки раисҷумҳур ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супорид.

Аз ҷумла, Давлат Сафар, шоир ва муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, Хайрандеш, шоири бачагона ва Ҷумъа Қувват, шоири музофотӣ унвони Шоири халқии Тоҷикистонро соҳиб шуданд.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур навишт, ки имсол танҳо як нафар, соҳиби унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон шуд.

Аз Иттифоқи нависандагон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Мирзо Шукурзода унвони Нависандаи халқии Тоҷикистонро гирифтааст. Худи нависанда низ дар суҳба ба “Азия-Плюс” инро тасдиқ кард.

Аммо Вазорати фарҳанги кишвар эълон кард, ки Темур Зулфиқоров унвони Нависандаи халқии Тоҷикистонро гирифтааст.

Ҳамин тавр, маълум нест, ки имсол мушаххасан чанд нависанда унвони ҳалқӣ гирифтаанд.

Ба Исматулло Холиқов, сароянда ва оҳангсоз унвони  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон тақдим гардид.

Ҳамчунин, чанде аз адибону зиёиён ба ҷоизаи адабии давлатии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор шуданд. Дар самти адабиёт шоир, Рустами Ваҳҳоб, нависанда Равшани Махсумзод ва адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов соҳиби ҷоизаи Рӯдакӣ гардиданд.

Дар бахши синамо Носир Саид, коргардони тоҷик ва директори Телевизиони “Сафина” ҷоизаи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро соҳиб шуд.

Ҷӯрахон Обидпур, корманди Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар самти муҳаққиқӣ ва журналистика соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид.

Ҷоизаи Рӯдакӣ дар самти меъморӣ бошад, ба сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Азизиён Самӣ Солӣ дода шуд.

Чаҳор нафари дигар, овозхон Тоҷиддин Раҳимов, раққос Мирзо Сатторов, навозанда Абдураҳмон Мадхолов ва Турсунзода Сайёдхон унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон гирифтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.