Додгоҳ ному насаби боз 5 иштирокчии парвандаи “Крокус”-ро эълон кард

Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав имрӯз, 29 август дар бораи тамдиди муҳлати ҳабси боз 5 иштирокчии парвандаи амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” қарор содир намуд. Ин ҷо дар бораи Шаҳромҷон Гадоев, Зубайдулло Исмоилов, Мустақим Солиев, Умедҷон Солиев ва Ҳусейн Ҳамидов сухан меравад. Онҳо то 1 декабри соли 2024 дар ҳабс мемонанд. То ин […]

Asia-Plus

Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав имрӯз, 29 август дар бораи тамдиди муҳлати ҳабси боз 5 иштирокчии парвандаи амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” қарор содир намуд. Ин ҷо дар бораи Шаҳромҷон Гадоев, Зубайдулло Исмоилов, Мустақим Солиев, Умедҷон Солиев ва Ҳусейн Ҳамидов сухан меравад. Онҳо то 1 декабри соли 2024 дар ҳабс мемонанд.

То ин вақт ному насаби ин 5 мард зикр нашуда буд. Дар хабари додгоҳҳои пойтахт ҳам доир ба кай нисбати онҳо содир шудани қарори ба ҳабс гирифтан маълумот дода нашудааст.

Гуфта мешавад, онҳо ба иштирок дар фаъолияти созмони террористӣ (моддаи 205.5, қ. 2), содир намудани амали террористӣ, ки ба марги одам боис шуд (модаи 205, қ. 3, б “б”), омодагӣ ба содир намудани амали террористӣ (моддаи 30, қ. 1, б. “а”), инчунин ғайриқонунӣ харидан ва нигаҳдории силоҳ (моддаи 222, қ. 4) ва ғайриқонунӣ тайёр кардани маводи тарканда (моддаи 223.1., қ. 3)-и Кодекси ҷиноятии Русия айбдор карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан додгоҳ дар бораи то 22 ноябр тамдид кардани муҳлати ҳабси иҷрокунандагони амали террористӣ – Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов, инчунин Алишер Қосимов, Исроил, Диловар ва Аминҷон Исломовҳо, Ҷумъахон Қурбонов, Лутфуллои Назримад, Муҳаммад Шарифзода ва Ёқубҷон Юсуфзода қарор содир намуд.

Рӯзи 20 август хабар дода шуд, ки Мирзоев, Раҷабализода, Файзов ва Шамсиддин аз болои қарори додгоҳ дар бораи тамдиди муҳлати ҳабс ва пешниҳоди айбномаҳои нав шикоят набурданд.

Ба 4 иҷрокунандаи эҳтимолӣ дар аввал содир намудани амали террористӣ дар ҳайати гурӯҳи муташаккил, ки ба марг боис шуд ва ба боқимонда – ҳамдастӣ доштан дар содир намудани ин ҷиноят айбнома пешниҳод шуда буд.

Айни замон ба ҷуз моддаҳо дар бораи терроризм, иҷрокунандагон ҳамчунин ба иштирок дар созмони террористӣ, таълим гирифтан бо мақсади анҷоми амали террористӣ ва гардиши ғайриқонунии силоҳ дар ҳайати гурӯҳи муташаккил гумонбар дониста мешаванд.

Моҳи май роҳбари Хадамоти федералии амният (ФСБ) Александр Бортников изҳор дошта буд, ки аз рӯи парванда дар бораи амали террористӣ зиёда аз 20 нафар бо шумули иҷрокунандагону ҳаммаслакон боздошт шудаанд ва то моҳи август 18 нафари онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд.

Амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” рӯзи 22 март рух дод. Он вақт мардони мусаллаҳ ба толори консертӣ ворид шуда, ба сӯи тамошобинони консерти гурӯҳи “Пикник” оташ кушоданд. Баъдан онҳо толорро оташ зада, ғайб заданд. Дар натиҷа 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 нафар осеб диданд. Зиёда аз 1700 нафар ҷабрдида эътироф шуданд.

Масъулияти амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл”-ро филиали “Давлати исломӣ” – Вилояти Хуросон ба дӯш гирифт.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.