Баъди норозигии деҳқонҳои Хатлон, раиси вилоят дастур дод, ки нархи пахта назорат карда шавад

Дар пайи бо нархи паст харидани пахта ва эътирози деҳқонон, раиси вилояти Хатлон ба зердастонаш дастур додааст, ки ҷараёни қабули пахта аз деҳқонон ва тартиби пардохти маблағи он назорат карда шавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи ин ниҳод, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дастури назорати ҷараёни қабулу нархгузории […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар пайи бо нархи паст харидани пахта ва эътирози деҳқонон, раиси вилояти Хатлон ба зердастонаш дастур додааст, ки ҷараёни қабули пахта аз деҳқонон ва тартиби пардохти маблағи он назорат карда шавад.

Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин ниҳод, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дастури назорати ҷараёни қабулу нархгузории пахтаро зимни мулоқот бо соҳибкорон, роҳбарони корхонаҳои қабул ва коркарди пахта ва раисони шаҳру навоҳии пахтакор додааст.

“Соли сипаришуда дар мавсими ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супоридани пахта як қатор камбудиву норасоиҳо, аз ҷумла бо нархи паст харидорӣ намудан ва саривақт напардохтани маблағи он норозигии деҳқононро ба миён овард”, – гуфтааст Давлаталӣ Саид.

Бо назардошти ин, ӯ ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла Сарраёсати омори вилоят, Раёсатҳои андоз, назорати давлатии энергетикии вилоят, марказҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилоятро вазифадор кардааст, ки барои қабул ва коркарди пахтаи деҳқонон, пешигрӣ аз ҳисоботи нодуруст, тартиби андозбандии коркарди пахта, ҳолати воқеии пардохтпазирии маблағи андоз аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии коркард ва қочоқи пахта, роҳҳои назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти баҳисобгирии оморӣ тадбирҳои судманд андешанд.

Бояд гуфт, чанде пеш дар Тоҷикистон мавсими ҷамъоварии пахта оғоз гардид. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол нисбат ба соли гузашта майдони кишти пунбадона 8,6 ҳазор гектар зиёд шуда, 175 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Кишоварзони вилояти Хатлон дар майдони 120,7 ҳазор гектар пахта кишт намудаанд. Дар ин вилоят ҳоло беш аз 60 корхонаи калони қабул ва коркарди пахта фаъолият дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.