Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз шуд

Пахтакорони вилояти Хатлон ба ҷамъоварии ҳосили пахта шурӯъ карданд. То имрӯз ба нуқтаҳои қабули ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ва дигар ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ ҳудуди 1 ҳазор тонна “тиллои сафед” супурда шудааст. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар муқоиса бо мавсими соли гузашта имсол майдони кишти пунбадона 8,6 ҳазор гектар зиёд шуда, 175 ҳазор гектарро ташкил […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Пахтакорони вилояти Хатлон ба ҷамъоварии ҳосили пахта шурӯъ карданд. То имрӯз ба нуқтаҳои қабули ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ва дигар ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ ҳудуди 1 ҳазор тонна “тиллои сафед” супурда шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар муқоиса бо мавсими соли гузашта имсол майдони кишти пунбадона 8,6 ҳазор гектар зиёд шуда, 175 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи деҳқонон, ҳавои гарм имсол ба нашъунамои пахта таъсири мусбат расонида, аз ин рӯ, умедворӣ ҳаст, ки пешгӯиҳо дар бораи ҳаҷми ҳосил бе талафот иҷро хоҳанд шуд.

Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Он тақрибан 20 фоизи аҳолии кишварро бо ҷойи кор таъмин намуда, манбаи муҳими ашёи хом барои саноати нассоҷӣ шуморида мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта бо сабабҳои гуногун хоҷагиҳои кишоварзии кишвар нақшаҳои пешбинишудаи истеҳсоли пахта иҷро карда натавонистанд. Соли гузашта истеҳсоли 430 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шуда, лекин ба сурати умум ҳудуди 350 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ шуд.

Ба қавли коршиносон, якчанд сабаби камшавии истеҳсоли пахта вуҷуд дорад. Аз ҷумла, шароити номусоиди обуҳаво, таҷрибаҳои номуваффақ бо тухмиҳои хориҷӣ, нархҳои пасти яклухт ба пахтаи хом, набудани ҳавасмандӣ барои истеҳсолкунандагон, коҳиши майдони кишти пахта ва ғайра.

Имсол хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон ният доранд, ки камбудиҳои соли гузаштаро ҷуброн намуда, зиёда аз 430 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.