Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд

Ба ифтихори 100-солагии адабиётшинос ва мунаққиди шинохта Соҳиб Табаров дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд. Иқдоми мазкур аз ҷониби факултаи филологияи тоҷики ДМТ пешниҳод гардида, 4-уми сентябр дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ қабул шуд. Декани факултети филологияи тоҷики ДМТ Сироҷиддини Эмомалӣ гуфт, ин иқдом аз амри роҳбари давлат […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Ба ифтихори 100-солагии адабиётшинос ва мунаққиди шинохта Соҳиб Табаров дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд. Иқдоми мазкур аз ҷониби факултаи филологияи тоҷики ДМТ пешниҳод гардида, 4-уми сентябр дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ қабул шуд.

Декани факултети филологияи тоҷики ДМТ Сироҷиддини Эмомалӣ гуфт, ин иқдом аз амри роҳбари давлат дар бораи таҷлили садсолагии адабиётшинос, мунаққид, публисист ва олими шинохтаи тоҷик Соҳиб Табаров сарчашма мегирад. Ин иқдом барои пос доштани хотираи ӯ ва абадӣ гардонидани номи ӯст, ки дар нақди адабӣ саҳми бориз дорад.

Стипендияи ба номи Соҳиб Табаров ба донишҷӯёне тақдим мегардад, ки бо баҳои аъло таҳсил мекунанду дар нақди адабӣ таҳқиқе анҷом медиҳанд.

Сироҷиддинзода гуфт, дар факултаҳои гуногун ба номи шахсиятҳои намоёни он соҳа стипендияҳо таъсис дода шудаанд, аз ҷумла дар факултети филология ба номи устод Айнӣ, Турсунзода ва дар факултети журналистика ба номи Лоҳутӣ стипендия мавҷуд аст, ки стипендияи ба номи соҳиб Табаров низ дар ҳамин ришта таъсис ёфт.

Маблағи ин стипендия соли охир 545 сомониро ташкил медод. Имсол бо назардошти 40 дарсад зиёд шудани он 745 сомонӣ барои як моҳ мебошад.

Соҳиб Табаров аз ҷумлаи олимону донишмандонест, ки дар рушду инкишофи илми адабиётшиносӣ, хусусан нақди адабӣ саҳм гузоштааст. Ӯ зиёда аз 35 сол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти илмиву таълимӣ дошт.

Соли 2021 дар вилояти Хатлон низ ба номи донишманди шинохта Соҳиб Табаров дар бахши нақди адабӣ ҷоиза таъсис дода шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.